• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 11
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи...
6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев...
Андешаҳои ҷавонон дар робита ба Истиқлолияти давлатӣ Насима Қосимӣ – корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ: -Ҳамасола 9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Зеро Истиқлолият ин армони ҳазорсолаи миллӣ ва дастоварди бебаҳои таърих аст. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки...
Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ – 1-уми сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин аз таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз (1.09.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ оғози соли нави таҳсил ва дарси сулҳ чун анъанаи солҳои гузашта бо шукуҳу шаҳомат...
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз! Оғози Соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди...
Дар таърихи навин волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ аст, ки он дар рушди давлатдории миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Имсол мо сиюмин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Дар ин муддат давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ин давраи таърихӣ баҳри...
Имрӯз (27.08.2021) таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конфронс дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар...
 Имрӯз (17.02.2021) дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ бо ибтикори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ ва омор дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ ва зарурияти ҷорӣ намудани низоми нави ҳисобҳои миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, дотсент М.Калемуллоев ва сардори шуъбаи...
Барои донишҷӯён. Дар асоси фармоиши ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. давраи имтиҳонии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 барои донишҷӯёни курсҳои 1-4-и зинаи таҳсилоти бакалавр ва курсҳои 1-6-и зинаи таҳсилоти мутахассис (ба истиснои ихтисосҳои дар банди зерин зикргардида)-и ихтисосҳои амалкунандаи факултетҳои донишгоҳ аз 21-уми декабри соли 2020 то 17-уми январи соли 2021 (ҳафтаҳои 17, 18, 19 ва 20-уми соли таҳсили 2020-2021) муқаррар карда шудааст....
Имрӯз (7.12.2020) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии ДМТ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои такмили низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Шамсов оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо Рӯзи...

Эълонҳо