СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ

229

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сию як сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Тавсияву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат дар замони Истиқлолияти давлатӣ нақши меҳварӣ доранд ва дастовардҳои назаррас дар низоми бонкии кишвар маҳз бо шарофати саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо дар остонаи ҷашни 31-солагии он қарор дорем, аз саҳифаҳои дурахшони таърихи нави миллати мост. Ин падидаи воқеан муҳими таърихӣ барои ташаккулу пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз љумла соњаи бонкдорӣ шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард. Ҳарчанд низоми бонкии ҷумҳурӣ дар заминаи шабакаи бонкии замони шӯравӣ бунёд гардид, дар даврони Истиқлол тадриҷан зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, ба муомилот ворид кардани пули миллӣ, бунёди сиёсати мукаммали пулию қарзӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробариҳои мунтазаму боэътимод, ташкили назорати ба пояи меъёрҳои молиявию иқтисодӣ асосноки бонкӣ ва ғайраро тай намуда, дар айни замон ба яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳими иқтисодиёти мамлакат табдил ёфтааст.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба- солҳои 1995 ва 2000-ум ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби пули миллӣ- сомонӣ гардид, ки ба номи асосгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст. Дар солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ на танҳо падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои куллӣ ва мусбати ҳаёти ҷомеаи кишварамон маҳсуб меёбад.

Мо ифтихор дорем, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат низоми бонкии мамлакат зина ба зина ташаккул ёфта, ҳамгироии он бо низоми бонкии ҷаҳонӣ таъмин гардид. Фурсати он расидааст, ки бо такя ба дигар дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ низоми бонкии кишварамон низ рушд намуда, ҳадафи олии фаъолияти минбаъда қарор дода шавад.

Абдулмуминзода Н.А. –н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ