Дар доираи ҳамкориҳои илмию адабии Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон имрӯз (13.12.2022) дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бо ҳузури доктори илмҳои иқтисодии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент (ДДАТ) Саидов Муҳамадалӣ Ҳақимович семинари илмӣ бо иштироки устодону донишҷӯни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ доир гардид.Нахуст муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Собирзода Н.С. ташрифи меҳмони олиқадрро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкориҳои гуногунсамтаро пайваста рушд мебахшад. Гуфта шуд, ки табодули устодону донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва ташкили нишастҳои судманд бо олимони соҳаҳои мухталиф ва семинару машваратҳои омӯзишӣ аз ҷумлаи ҳамкориҳост. Дар семинари илмӣ профессор Муҳамадалӣ Саидов доир ба ҷанбаҳои гуногуни илми иқтисод, аз ҷумла табодули мол, мавзӯи менеҷмент ва алоқамандии он ба дигар фанҳои иқтисодӣ, ҳамзамон, баланд бардоштани дониши молиявию иқтисодии донишҷӯён суханронӣ-рӯнамоӣ (презентатсия) намуд. Дар рафти семинар донишҷӯён оид ба масъалаҳои гуногуни иқтисодӣ саволҳо дода, аз ҷониби меҳмон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Бознашр аз сомонаи ДМТ