НБО-И РОҒУН КАФИЛИ ОСОИШТАГИИ МОСТ!

290

Сохтмони НБО-и Роғун калонтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки оғози кор дар неругоҳ соли 1976 шуру гардида аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат буда, баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.НБО-и Роғун майдони набард, нангу номуси ҳар фарди миллати тоҷик ба шумор меравад. Барои дар сатҳи баланд омода намудани ин нерӯгоҳи азими аср тамоми кӯшишу ғайрат бо иродаи қавӣ сафарбар шуда истодааст. Иншооти НБО-и Рогун ин майдони набарди ҳар як фарзанди фарзонаи миллат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва оянди дурахшони Ватан буда, саҳмгузор будан дар ин набард вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бонангу номус ва соҳибиродаи миллат мебошад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти хаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад. Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони нерӯгоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар, ба мисли Фарҳоди кӯҳкан, ки синаи куҳи Хороро мешикофад, пеши дарёи шуху саркаши Вахшро мебанданд, кишвари худро чароғистон мегардонанд.Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Зеро 98 дарсади барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд.Мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба натиҷаҳои назаррас хоҳем расид, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон рушд меёбад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад.

н.и.и., дотсент, мудири кафедраи “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алимардонов Тоҳирҷон Ашуралиевич.