ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “Сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад”

312

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳодоти созандаву ибратбахши худ дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёр гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин сиёсатмадори хирадманду ботадбир пайваста тавсияву роҳнамоиҳои бунёдгароёнаро интизор ҳастанд. Дар доираи чорабинии навбатии сатҳи баланди байналмилалӣ – Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” низ, ки рӯзи 19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор шуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин пешниҳодоти созандаро интизорӣ доштанд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар гузашта ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди пешниҳодоти созандаи роҳбари давлати Тоҷикистон дар самтҳои мушкилоти обии сайёра, проблемаҳои ҳифзи муҳити зист, хавфу хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, роҳҳои ҳалли низоъҳои мусаллаҳона дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон шуда буданд ва ҳар як пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хушӣ пазируфтаанд. Дар ҷаласаи навбатии бонуфузтарин ниҳоди байналимилалӣ – СММ, яъне Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” роҳбари кишвари мо бо пешниҳоду ҳидоятҳои комилан фарқкунанда баромад карданд.

Ин навбат маҳаки асосии баромаду пешниҳодоти Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъалагузориҳо дар самти иқтисодиёту молияи ҷаҳонӣ ташкил медоданд. Аз ҷумла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти маблағгузорӣ, бартараф кардани омилҳои таъсирбахши он ба рушди кишварҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи Саммит андешаронӣ карданд, ки диққати иштирокчиёни ин чорабинии муҳими сиёсиро ба худ ҷалб кард. Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар алоқамандӣ ба ин мавзуъ иброз доштанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Зимни суханронии худ дар ин ҳамоиши сатҳи баланд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулият ва таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсиву иқтисодии вазъи ҷомеаи муосири байналмилалӣ чунин зикр намуданд: “Воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

Ҳамчунин, кишварҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро роҳандозӣ карда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад”.

Дар заминаи суханронии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда ба мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имкониятҳои маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад. “Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона кардани маблағҳои дохилӣ, фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад.

Тадбирҳои андешидашуда набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад”, – таъкид карданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” дар қароргоҳи СММ.

Нуктаи ҷолиби дигар ки дар ин чорабинӣ аз забони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, мусоидат ба рушди тиҷорати байналмилалӣ ва бардоштани монеаҳои сунъӣ дар самт буд, ки ба намояндагони ҳамаи кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои иштирокчӣ бетаъсир намонд. Дар алоқамандӣ ба ин мавзуъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ устувор мусоидат кунанд.

Мо, бо дарназардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем”.Ишора ба афзоиш ёфтани хавфи офатҳои табиӣ, ки дар заминаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омада истодааст, аз нуктаҳои муҳимми дигар дар суханронии Пешвои миллат ба шумор мерафт. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карданд, ки ин раванд ба рушди иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсири амиқ мегузорад. Таъсири ин равандро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли Тоҷикистон бамаврид шарҳ доданд:“Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим афзоиш ёфтани хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии аҳолӣ аз он дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба рушди устувор мебошад.

Илова бар ин, тайи даҳсолаҳои охир ба таври назаррас об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки пайомади он барои тамоми минтақа нигаронкунанда аст.

Мусаллам аст, ки андешидани тадбирҳои самарабахш дар самти тағйирёбии иқлим муттаҳидсозии кӯшишҳои моро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо мекунад”.

Дар ин замина афзоиши сармоягузориҳоро барои рушди “иқтисоди сабз” пешвои тоҷикони ҷаҳон ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон омили созанда арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки “гузариш ба рушди “иқтисоди сабз” сармоягузориҳои назаррасро барои рушди инфрасохтор ва истеҳсоли “энергияи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда талаб мекунад”. Аз ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии кишвари моро барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд изҳор доштанд, ки муфид ва саривақтӣ буд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ин нукта дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, ки 18-уми сертябри соли ҷорӣ дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, баён гардид. Дар ин мулоқот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

Ҳамчунин зимни ҳамин мулоқоти созанда Пешвои миллат аз иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда ба мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ ёдовар шуда, иброз доштаанд, ки Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имкониятҳои маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.

Мавриди зикр аст, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” ва пешниҳодоти созандаи ӯ дар самти рушди низомии иқтисодии дунё шахсияти Пешвои тоҷикони ҷаҳонро ҳамчун як сиёсатмадори оқилу ботадбир ва кишвари моро чун як далвати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳад кард.

Абдулмуминзода Н.А., декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ