КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “МУАММОҲОИ ГУЗАРИШ БА СИСТЕМАИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

231

Имруз дар заминаи кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои гузариш ба системаи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсияро ректори ДМТ д.и.и., профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳусни оғоз бахшида, ба кори он барору комёбӣ таманно намуданд. Ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки нақши Пешвои миллат дар  рушди иқтисоди миллӣ муассир буда, рақамикунонии иқтисод ҳамчун мавзуи мубрам дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Дар кори конференсия олимону муҳақиқони соҳа бо дастовардҳои илмии худ маъруза намуданд. Маърузаҳои устодон мавриди муҳокима ва мубоҳиса қарор дода шуд. Натиҷаи кори конференсия дар мувофиқа бо раёсати илми донишгоҳ дар шакли тавсияҳои амалӣ ба сохторҳои лозима пешниҳод карда мешавад.