Конститутсия аз истилоҳи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкуниро дорад. Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Конститутсия ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.
Имрӯзҳо халқи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои муҳимми миллӣ, санаи таърихӣ, ки нақши созанда дар барқарории шакли муосири давлатдории тоҷик гузошт, қарор дорад. Ин санаи тақдирсоз, рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи давлат мебошад. Пас аз чанд рӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсия таҷлил мегардад.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ бо тарафдории кулли мардуми кишвар қабул гардида, ташаккул, рушд ва дурнамои давлатдории миллии тоҷиконро муайян намуд.
Нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияро бахтномаи миллат ном ниҳода, чун муқаддасоти миллӣ пос медоранд ва барои риояву амалӣ гардидани меъёрҳои он пайваста талош менамоянд.
Гузашти солҳо аз қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ҳамон андоза аҳамияти онро афзалтар мегардонад, зеро ин ҳуҷҷат равшангари роҳи пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошад.
Инсоният аз замоне, ки худро ҳамчун мавҷудоти бошуур шинохт ва дарки олами ҳастӣ намуд, пайваста баҳри таъмин намудани зиндагии арзанда ва фароҳам овардани шароити мусоид талош варзидааст. Аммо расидан ба ин ҳадафҳо вақте имконпазир гардид, ки онҳо дар доираи ҳуҷҷате мавриди танзим қарор дода шуданд. Бо дарназардошти ин, дар масири таърих борҳо санадҳои гуногун қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки мазмун ва моҳияти ҳуқуқи инсон, шакли идоракунии давлат, вазифа ва масъулияти ҳокимиятро муайян менамуданд.
Қобили қайд аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зарурати қабули Конститутсияро ба миён гузошта, ҳамзамон ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ нақши муҳимми худро гузошт.
Конститутсия бартараф кардани ихтилофотро дар ҷомеа танзим менамояд, ташкил ва раванди ташаккули ягонагии сиёси ва фаъолияти давлатиро ба тартиб меандозад.
Конститутсия пояи асосии усулҳои муайянкунандаи ҳаёти ҷомеа буда, тавассути фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини риояи ҳатмии муқаррароти конститутсионӣ ва амалисозии назорати ҳокимияти давлатӣ мекӯшад, ки суиистифода аз ҷониби ҳокимияти давлатиро ба роҳ мемонад. Ба ибораи дигар гӯем, давлат тобеи Конститутсия мебошад.
н.и.и., дотсент мудири кафедраи “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ” Донишгоҳи миллии ТоҷикистонАлимардонов Тоҳирҷон Ашуралиевич.
н.и.и., дотсенти “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ” Бобоева Розиямо Мансуровна.