ҲИСОБОТИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «БАҲИСОБГИРӢ ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ» АБДУЛМУМИНЗОДА Н.А. ДАР СОЛИ 2023

316

Қаблан меҳмонони гиромиро ба ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» хайрамақдам гуфта, ҳамаи Шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Ҳизби Халқиқи Демократии Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

Ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» дар соли 2023 фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ҷаласаҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд. 

Шумораи аъзоён. Ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» яке аз ячейкаҳои асосии ҳизбӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи аъзоёнаш дар афзоиш аст.

Алҳол ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» 87 нафар аъзо дорад. Ҳуҷҷатҳои се нафар аъзо бинобар сабаби пур шудани шаҳодатномаи ҳизбӣ шаҳодатномаҳои нав дода шуд. Бояд зикр намоем, ки аксарияти устодони аъзошударо олимони ҷавон, магистрантон ва докторантон ташкил медиҳанд. Бояд зикр кард, ки ҷараёни ба сафи ҳизб шомил кардани аъзоён дар асоси Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» амалӣ мегардад.

Шумораи умумии занони аъзои ҳизб дар ташкилот ба 29 нафар мерасад. Аз шумораи умумии аъзоёни ҳизб синну соли аз 18 то 30 сола 39 нафар ва аз 31 то 70 сола 48 нафарро ташкил медиҳанд. Хушбахтона, таносуби ҷавонони аъзо дар кумита нисбат ба онҳое, ки аз 35 сола болоанд, хеле зиёд аст. Ҷавонони мо имрӯзҳо дар вазифаҳои пурмасъул адои вазифа намуда, аз сиёсати имрӯзаи давлат ва Президенти кишвар ҷонибдорӣ менамоянд. 

Аз ин баъд ташкилот мақсад дорад, ки сафи аъзоёни ҳизбро бо роҳи бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҳисоби устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол боз ҳам зиёд гардонад.

Ҳаракати аъзоёни ҳизб ва пардохти аъзоҳаққӣ. Назорат аз болои ҳаракати аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад. Ҷараёни мазкур дар ҳамбастагӣ бо раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Аниқтараш маълумоти лозимӣ дар бораи ҳар як аъзое, ки бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ меравад ё ба кор меояд, тавассути раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба кумита пешниҳод карда мешавад. Дар ин самт ягона мушкилии мо назорат бурдан аз болои ҳаракати донишҷӯёни аъзо аст. Яъне на ҳама донишҷӯён ҳангоми хатм кардани донишгоҳ барои аз қайди кумита баровардан ба мо муроҷиат мекунанд. Ин падида боиси он гаштааст, ки мо аз ҷараёни ҳаракати донишҷӯёни аъзо ба таври бояду шояд назорат бурда наметавонем. Бо мақсади ҳалли саривақтии ин масъала ташкилот ҳаракати донишҷӯёни аъзоро тавассути шуъбаи дуюми донишгоҳ ба роҳ мондааст, ки аллакай самараи хуб дода истодааст.

Албатта, яке аз вазифаҳои аъзои ҳизб пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ мебошад, ки ин масъала дар ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» ҳалли ниҳоии хешро ёфтааст. Агар солҳои аввали фаъолияти ташкилот аъзоҳаққӣ тариқи нақдӣ ҷамъоварӣ карда мешуд, айни замон ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи аъзогӣ муҳосиботи донишгоҳ муваззаф гардидааст. Яъне ҳар моҳ аъзоҳаққии шумораи умумии аъзоёни ташкилот мувофиқи низомнома ба таври худкор ба суратҳисоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур гузаронда мешавад. Метавон гуфт, ки ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» дар самти пардохти аъзоҳаққии аъзоён мушкилӣ надорад.  

Обуна. Боиси қаноатмандист, ки ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба ҳама рӯзномаҳои ҳизбӣ обуна буда, бар замми ин олимони факултет бо мақолаҳои пурмӯҳтавои худ мунтазам аз минбарҳои ҳафтаворҳои ҳизбӣ ибрози андеша мекунанд. Ғайр аз ин соли сипаригашта ҳайати кормандони илмӣ, докторантон, аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки аксарият аъзои ҳизб мебошанд, дар 49 конференсияҳои дараҷаҳои гуногун 23 маърӯза қироат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ» мувофиқи нақшаи аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур тасдиқшуда ба ҳафтаномаҳои «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» аъзо шуда, яке аз аввалинҳо шуда дар миқёси кумта аз иҷрои пардохти пурраи маблағи обуна баромад.

Боиси тазаккур аст, ки тақсимоти ҳафтаномаҳои ҳизбӣ дар донишгоҳ тавассути шуъбаи умумӣ сурат гирифта, ҳама аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии кумита сари вақт аз мутолиаи онҳо бархурдор мешаванд.

Иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ. Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ»-ро иштироки аъзоёни он дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ ташкил медиҳад. Боиси хушнудист, ки аъзоёни ташкилот дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъол буда, ҳамеша аз уҳдаи супоришҳои бар зиммаашон вогузоршуда бо сарбаландӣ мебароянд. Соли сипаришуда аъзоёни ташкилот вобаста ба рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, аз қабили “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, “Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз”, “Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”, “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”, “32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи забони давлатӣ”, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳм гузоштанд.

Бояд зикр кард, ки дар соли 2022 ташкилот дар озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ дар кумита” ширкат намуда, сазовори ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи 2 гардид.

Аз ин ва баъд низ аъзои ҳизб дар ташкилот фаъолияти худро дар доираи барномаи ҲХДТ идома дода, талош менамоянд, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳимму созандаи ин ҳизби мардумӣ саҳмгузор бошанд.