ХАВФУ ХАТАРҲО ВА ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

298

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Албата ин мафҳумро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат баҳри ҷавонон ва мардуми шарифи кишвар ироа менамоянд, ки бо мақсади фаҳмонидадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита таъкид менамоянд: “Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем”.

Имрӯзҳо волидон ба таҳсили фарзандон монеъа мешаванд, ки ин ба ояндаи онҳо зарари манфӣ мерасонад. Чунин амалҳо оқибат ба гумроҳии фарзанд оварда мерасонад. Ҷавононе, ки аз илму дониш бархурдоранд аз оқибатҳои зуҳуротҳои номатлуб ба хубӣ огоҳ буда ҳаргиз ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ҷонхоҳ ва фитнаангез шомил нахоҳад шуд. Барои инсони бедору ҳушёр баръало маълум аст, ки ин равияҳои тундрав оромиро дар ватани маҳбуби мо намехоҳанд. Солҳои охир таҳдидҳое, ки кулли ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст густариш ёфтани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуротҳои номатлуб ва хатаровар маҳсуб меёбад. Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рўзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати милли хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои ҳалли мушкил буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад.Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос набуда, мақсадаш даҳшатаконӣ ва ноором кардани аҳолии осоишта аст.

Замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва паҳн шудани экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ, созмонҳои террористии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мақсади палиди худро амали намоянд.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ аксар созмонҳои динии экстремистӣ ба фаҳмиши динию ҷаҳонбинии одамон таъсир расонида, онҳоро ба доми худ мекашанд. Дар ҳоле, ки таърихи афкору андешаҳои инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст ба шумор меравад.

н.и.и., дотсент мудири кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алимардонов Т.А.

н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Орзуев П.Ҷ.