ВАҲДАТ – ҲАМЧУН ШАРТИ АСОСИИ БАҚОИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

176

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст. Ҷиҳати дигариваҳдати миллӣ, ки аз ин гуфтаҳо бар меояд, гуфтугӯи фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии онҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи ҳамин рӯҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар таъмини ваҳдати ҷомеа нақши Сарвари кишвар бориз аст. Замоне ки Пешвои миллат ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуда, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ гардида, музокира карданд, сулҳ баста роҳро барои эҷоди сулҳ боз намуданд. Имрӯз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.

Падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи асосии пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гар­донд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Рушан аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал фаротар намеравад.

Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунон дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омӯзишу истифодаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ қарор дорад.

Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Мо бояд дар мафкураи мардум арзишу ормонҳоеро ҷой диҳем, ки таҷассумгари ҳадафҳои созанда бошанд ва на танҳо омили таҳкимбахши суботи сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳимояи рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар қарор гиранд. Маҳз ба ҳамин хотир, миллати тоҷик ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморанд. Чунончи дар суханронии худ ба монисибати рӯзи ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар ноҳияи Рашт (санаи 26.06.2019) қайд мекунанд: “Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем”.

Додулло Расулзода,дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ