ИСТИҚЛОЛ ВА БУНЁДИ ДАВЛАТИ МУТАМАДДИН

286

Бузургтарин арзиш барои ҳар як қавму миллат озодӣ, соҳибихтиёрӣ, мустақилият ва дар умум истиқлол маҳсуб меёбад. Дар тӯли таърих аксари ситезаву тазодҳо ва ҷангу хархашаҳо аз боиси халалдор гардидани соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли қавму халқи алоҳидае ба амал омадааст. Дар воқеъ, истиқлол ба ҳар як қавму миллат озодӣ ва имконият дар роҳи амамлишавии тамоми мақсадҳо аст. Истиқлол калид ва кафили ҳама хушбахтиҳо барои миллат мебошад. Ҳамин аст, ки ҳар як қавм дорои чунин падидаи нодир будан мехоҳад. Вале на ба ҳама муяссар мегардад, ки ба чунин падидаи нодиру бисёр муҳим даст ёбад.

Халқи тоҷик яке аз куҳантарин халқият дар минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад, ҳамеша барои нигаҳдошти истиқлол ва озодии хеш талош намудааст. Агарчи имрӯз Истиқлоли давлатии миллати мо 33 сол дорад, вале таърихи давлатдориамон ба ҳазорсолаҳо рафта мерасад.

Бахти тоҷикон дар саҳифаи таърих омад карду 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлоли давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Перазитденти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки “Вақте сухан аз Истиқлоли давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлоли давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид”.

Муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба маҳсуб меёбад, ки дар заминаи он ҳадафҳои стратегии миллӣ дар роҳи амалишавӣ қарор дорад. Бояд гуфт, ки дар ибтидои солҳои Истиқоли давлатӣ яке аз масъалаҳои бисёр ҳасос ва нозук ҳифзи тамомияти арзӣ ба шумор мерафт. Аз моҷарои сиёсӣ ва ҷанги ҳамватанӣ истифода карда, доираҳои мухталифи дохилию хориҷӣ нақшаи тақсими Тоҷикистони ягона ва аз он ҷудо намудани вилояту ноҳияҳои алоҳидаро ба сар доштанд.

Хушбахтона ин хатар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар бартараф гардид.

Муҳимтарин тадбире, ки дар дар роҳи устувории Истиқлоли давлатӣ ва пояндагии он андешида ва амалӣ карда шуд, ислоҳотҳои сиёсӣ дар кишвар буд. Бо масқсади ташкили аркони муҳимми давлатдорӣ дар кишвар ислоҳотҳои сиёсӣ оғоз гардид.

Ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ дар аввал Нишон ва Парчами давлатӣ қабул гардид. Муҳимтарин санади сарнавиштсози миллату давлат Конститутсия қабул гардид, ки дурнамои давладориро ба таври мушаххас муайян намуд. Дар такя ба ин ҳуҷҷати муқаддас фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ барқарор гардида, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти касбии дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун дар кишвар таъмин гардид.

Истиқлоли давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон бори дигар имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро инкишоф дода, модели замонавиро бо истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгони хеш интихоб намояд. Бо шарофати Истиқлол заминаҳои устувори низоми давлатдорӣ ҳамчун давлати демокртиву ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона гузошта шуд. Низоми мазкур имкон дод, ки аз як ҷониб баробарӣ ва фаъолияти баробару яксони мафкураҳои мухталиф дар назди қонун кафолат дода шавад, аз ҷониби дигар бошад нагузошт, ки мафкураи муайян ба ҳайси идеологияи давлатӣ элон шаваду мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Таҳлили раванди амалӣ гардидани ислоҳотҳои сиёсӣ дар ибтидо собит месозад, ки қувваҳои мухолиф бисёр талош менамуданд, ки низоми интихобнамудаи давлатдориро дар Тоҷикистон ба таври манфӣ инъикос намоянд. Ба ҳамин хотир сохти дунявияти давлатдориро ҳамчун воситаи динситез маънидод намуда, мардуми мусалмони кишварро ба муқобили давлат бархезонидани шуданд, вале хушбахтона ин ҳадафи шуми онҳо амалӣ нашуд. Онҳо фаромӯш карданд, ки ин низомро мардуми Тоҷикистон тавассути райпурсӣ интихоб намудаанду дар Конститутсия сабт шудааст.

Таърихи 33-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо аст. Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ислоҳотҳои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи муҳим ва асосӣ эълон намуда, тавонист, ки бо шарофати кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавиирода рушди пайваставу устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намояд.

Марҳилаи аввали амалӣ намудани ислоҳотҳои иқтисодӣ, ки дар худ ҳадафҳои стратегии миллиро инъикос мекард, асосан ба ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми иқтисодӣ, ташаккул ва таҳкими давлатдорӣ ва аз байн бурдани қолаби тафаккури фарсудашуда, ки ба талаботи ҷомеаи мутамаддин ҷавобгӯ набуд, равона шуд буд.

Истиқлоли давлатӣ дар муддати кӯтоҳ, ҳамчунин заминаи ташаккули низоми иқтисодии кишварро гузошт. Имкон фароҳам омад, ки бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ мамлакатро фаро гирифта буд, бо қабули барномаҳои мушаххас ва самаранок марҳила ба марҳила бартараф карда шавад. Мардуми кишвар аз ҳолати буҳрони амиқ баромада, ба марҳилаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадами устувор гузошт. Махсусан, муқовимат ва истодагарии низоми иқтисодии кишвар дар ру ба рӯи фишори буҳрони иқтисодии умумиҷаҳонӣ, ки то ҳол идома дорад, бори дигар аз устувории вазъи иқтисодии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин росто мебояд як нуқтаро қайд кард, ки мо имрӯз ҳаққӣ бо кишварҳое, ки собиқаи 10-150 солаи истиқлоли давлатӣ доранду вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хубро соҳибанд, муқоиса кардани Тоҷикистонро надорем. Имрӯз танҳо мо ҳаққи аз таҷрибаи онҳо истифода кардан ва меҳнати софдилонаву содиқонаро дорем то наслҳои оянда аз мо як ҷомеаи рушдкардаву устуворро мерос гиранд. Имрӯз мо дар марҳилаи давлатсозӣ қарор дорем, чунки азанвсозӣ дар аксар соҳаҳои муҳимми ҷомеа аз сифр оғоз шуд. Вазифаи мо имрӯз дар назди миллату давлат ва Ватан пеш аз ҳама сохтану бунёдкорӣ дар заминаи шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ аст, на ин ки аз дур истодан ва бегонавор тамошо кардану дарёфти мақсадноки камбудиҳо ва инъикоси ғаразноки онҳо дар сомонаҳои иҷтимоиву дигар васоити ахбори омма. Зарур аст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳар як аъзои ҷомеа новобаста аз касбу кор талош варзаду рисолати хешро содиқона ба сомон расонад.

Истиқлоли давлатӣ бори дигар ба тоҷикон имкон фароҳам сохт, ки хешро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянду ҷойгоҳ ва мақоми мустақилу сазовори Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин созанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар аввалин Муроиҷиатномаи хеш дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, барқарор намудани муносиботи дипломатӣ бо тамоми давлатҳое, ки мехоҳанд бо кишвари мо дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди дуҷониба ҳамкорӣ намоянд, таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягиро бо кишварҳои минтақа пеш гиранду ба корҳои дохилии якдигар дахолат накунанд, таъкид намуда буд.

Дар айни замон бо интихоби сиёсати дурусту дурбонона ва пеш гирифтан низоми мутадамддини давлатдорӣ Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар раванди ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ба ҳайси шарики боэътимод шинохта шудааст.

Вақте ҳама талошу заҳматҳо ва дастовардҳои 33-соли Истиқлолро ба таври объективӣ натиҷагирӣ менамоем ба боварии комил метовон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих шарафмандона иҷро намудааст.

Давлатзода Меҳроҷиддин – н.и.и., дотсент,мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДМТ