БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ»

17

Таърих гувоҳӣ аз он медиҳад, ки зан-модари тоҷик дар тамоми замон нигоҳдорандаи оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, яке аз нишонаҳои асосии соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буданашон ин либоси миллиашон аст.

Либоси миллӣ ин худ яке аз манбаъҳои асоситарини фарҳанги ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад. Дар баробари ба бар намудани либосҳои миллӣ фард аз худшиносии миллати худ огоҳ аст. Бо гуфтани либоси миллӣ ин аввалан ба пеши назар ҳамон либосҳои шинаму зебои тоҷикона, атласу адрас ва чакани миллати тоҷик ба назар мерасад.

Бо ин мақсад ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ дар Донишгоҳ аксияи «Тоҷикона мепӯшем» идома дорад. Бешак, пӯшидани либоси зебову шинами миллӣ ба зан-духтари тоҷик ҳусни дигар зам менамояд.

Дар робита ба ин, омӯзгорону донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ дар радифи дигар бонувони факултетҳо дар аксияи «Тоҷикона мепӯшем» фаъолона ширкат варзиданд.