ИҚДОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

30

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла, Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, терроризму экстремизм, равияҳои ифротгароӣ мебошанд.

Мутаассифона, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом огаҳӣ надоранд, ба доми мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё» мушоҳида кардан мумкин аст.

Дидан мумкин аст, ки чи тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Терроризм ва экстремизм падидаи хеле бад ва ташвишовари кулли ҷаҳон маҳсуб ёфта, сабаби сар задани ҳодисаҳои хунин, таҳқиру хавф ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини ақлию ҷисмӣ, таҷовуз ба номус, бетартибӣ, вайрон кардани сохти конститутсионии кишварҳои мухталиф, кашида гирифтани ҳокимият, бедор кардани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва экстремизм миёни қишрҳои гуногуни мардум махсусан миёни ҷавонон яке аз масъалаҳои асосии ҷамъият буда, дар натиҷа ба харобиву хорӣ меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи меҳварии худ қарор дода, таъмини амнияти миллӣ ва ҷаҳониро бо тамоми кишварҳои олам масъалагузорӣ мекунад. Ҷиҳати ҳалли ин муаммо ҳамкориҳои муштаракро бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар ин самт мунтазам баромад мекунад. Бегумон ҳадафҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ иборат мебошанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ доранд ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамоянд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад.

Терроризм на танҳо аз ҷангҳои классикии байни ду кишвар фарқ мекунад, балки як масъалаи фаромиллӣ ва фаромарзӣ низ мебошад. Дар гузашта баъзеҳо гумон мекарданд, ки терроризм сарчашмаи иқтисодӣ ва равонӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми фақир ва ё инзиво ба гурӯҳи террористӣ мепайванданд, аммо таҳқиқи дақиқтар нишон медиҳад, ки ин фарзия беэътибор аст. Гап дар сари он аст, ки аксари ифротгароӣ дар Ховари Миёна ҳуввият ва решаи мазҳабӣ доранд. Дар канори баҳсҳои умумии беохир байни сиёсатмадорон ин ду мушкилоти ба ҳам алоқаманд, яъне терроризм ва ифротгароӣ натиҷаи табиии бесамарии вазъи кунунии байналмилалӣ ва бахусус таҳаввулоти ахир аст. Ин ду мушкилот на танҳо дар як минтақаи муайяни ҷаҳон ҳастанд ва на хоси як дини муайян. Инчунин, онро танҳо дар доираи як минтақаи мушаххас ё бо такя ба техникаи низомӣ ҳал кардан мумкин нест.

Воқеияти мушаххас ва зиштиҳои имрӯза моро водор мекунад, ки ин чолишҳоро бо чашми комилан боз ва дур аз хаёл ва худфиребӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Акнун бояд ба ҳама маълум бошад, ки муборизаи муассир ва муваффақ бо ин ду зуҳуроти номатлуб бархурди ҳамаҷониба ва стратегияи бисёрсоҳаро тақозо мекунад, ки пеш аз ҳама ба дарки бошууронаи шароити иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҷаҳоние, ки онҳо ба як ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, вобаста аст. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз созмонҳои террористии ифротӣ ва дар ниҳояти кор аз байн бурдани онҳо, ки тақозои рӯзмарра аст, бояд ҳама бо тамоми донишу имконоташ зидди он мубориза барад. Имрӯз дар бораи чолишҳои ваҳшатноки терроризму ифротгароӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он рӯбарӯ аст ва ҳамчунин, мубориза бо ин зуҳурот ва пешгирии паҳншавии он ва то ҳадди имкон решакан кардани он зиёд гуфта мешавад.

Новобаста аз он, ки кишварҳои мухталиф нисбат ба ин ду зуҳурот чӣ гуна мавқеъ доранд ва ё моҳияти сиёсати расмии кишварҳои мухталиф нисбат ба онҳо чӣ гуна аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ як эътиқоди муштарак дорад, ки ин мушкилот бояд зудтар ва ба таври муассир ҳал карда шаванд. Дар ин замина пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешиниҳоди ниҳоят пазируфтанӣ ва саривақтӣ буда, итминон дорем, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму экстремизм мусоидат хоҳад кард.

Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ

Маҷидов Абдумаҷид Абдуҳамидович – муовини декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ оид ба корҳои тарбиявӣ