ОЛИҲАИ БУЗУРГ

37

Иди занон, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад, воқеан ҳам иди меҳру вафо ва покиву садоқат ба Зан-Модар, Офарандаи ҳаёти башар мебошад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст. Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон бирасанд. Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кӯшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тӯли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд.

Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

Аз ин рӯ, зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари хуршедии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.

Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ нақл намояд. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун шахсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.

Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад.

Имрӯз, яъне дар ибтидои асри XXI низ занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар руҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳуввияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Дар навбати худ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ дар тули солҳои истиқлолият ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣдар амал татбиқ карда истодааст. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣбахшиданд. Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли 1997-ум иброз дошта буд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад”.

Абдулмуминзода Н.А., декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ, н.и.и., дотсент