ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ МЕДАЛҲОИ ТИЛЛО ВА НУҚРА ШУДАНД

4

Маҷиди Умар, донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси кибернетикаи иқтисодии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба грепплинг, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм гардид.

Ин дастоварди варзишӣ на танҳо ифтихори донишҷӯ, балки муваффақияти навбатии варзишгарони Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси технология ва системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Рауфзода Эмомризо дар мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ (Фархор) оид ба варзиши “Ушу санда” дар вазни 55 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид.

Муборак бошад!