ҶОЙИ АВВАЛИ ДОНИШҶӮИ ФАКУЛТЕТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА КИКБОКСИНГ

106

Аз санаи 7-ум то 12-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) баргузор гардид. Дар ин мусобиқа ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи гуногуни байналмилалӣ, донишҷӯи курси якуми ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷураев Абдураҳмон Ваҳобович сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардид. Муборакамон бошад!