БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ФАЪОЛИЯТИ САРПАРАСТОН

138

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои самти тарбияи ДМТ вохӯрии навбатии раиси Шурои сарпарастони ДМТ Ҷаъфарзода Илҳомиддин бо сарпарастони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа, масъалаҳои муҳим ва самтҳои асосии фаъолияти сарпарастӣ ва тарбияи донишҷӯён мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа, ба сарпарастон дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, волидон ва роҳбарияи факултет барои татбиқи самараноки масъалаҳои самти тарбия кӯшиш намоянд.