Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо афкор, ҷасорат ва иродаи қавии худ тақдири давлату миллатро тағйир медиҳанд. Барои халқи тоҷик чунин шахсияти таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар давраи душвори пасошӯравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ гирифтор буд, маҳз бо иродаи қавӣ, хирад ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат пояҳои давлатдорӣ барқарор ва сулҳу субот таъмин гардид.
Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ ба тақдири кишвар, рисолати таърихии худро дар он диданд, ки Тоҷикистонро ба роҳи сулҳ, ваҳдат, рушди устувор ва давлатдории муосир ҳидоят намоянд. Бо заҳмати шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандона, кишвари ҷавони мо дар муддати кӯтоҳ аз вартаи парокандагӣ ба давлати мутаҳид, амн ва рӯ ба рушд табдил ёфт.
Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллӣ, истиқрори сулҳу салоҳ дар кишвар, сарҷамъии миллат, таъмини ваҳдат ва раванди бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат басо бузурганд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз оғози даврони истиқлол то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт.
Таҳаввулоти иқтисодии анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат, дар мамлакат, бахусус дар самти гузариш ба иқтисоди бозорӣ, аз ҷумла ҷиддияти масоили рушди иқтисодӣ бинобар зарурати дар солҳои аввали истиқлол ҳаллу фасл кардани онҳо ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули бахши хусусӣ бениҳоят бузург аст.
Дар тули зиёда аз се даҳсолаи роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон роҳи пуршарафи созандагиро тай намуд. Аз ҷумла, пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ яке аз комёбиҳои нодири таърихӣ мебошад, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат амалӣ шуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон ҳамчун “мактаби сулҳофаринии тоҷикон” дар ҷаҳон шинохта шудааст. Бунёди пояҳои давлатдории миллӣ -қабул ва татбиқи Конститутсияи нави кишвар (соли 1994), таъсиси парлумон, артиш, рамзҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳим. Таҳкими сиёсати хориҷӣ ва мақоми байналмилалӣ -Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои муҳим (СММ, СААД, СҲШ, ИДМ) пазируфта шуд ва муносибатҳои дӯстонаро бо кишварҳои зиёди ҷаҳон барқарор кард. Ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – гузариш аз иқтисоди бозорӣ, ташаккули бахши хусусӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум. Барномаи вижаи сохтмон ва созандагӣ – садҳо неругоҳ, нақб, роҳҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, маорифӣ ва фарҳангӣ бунёд гардиданд.
Ҳамаи ин дастовардҳо заминаи муҳими татбиқи ҳадафҳои стратегии рушдро фароҳам оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди босуботи кишвар ҳадафҳои стратегии рушд муайян намуданд, ки ҳар кадоме ба таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ нигаронда шудаанд
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ. Яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа ва муҳимтарин истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, сохтмони неругоҳҳои барқии “Сангтӯда–1”, “Сангтӯда–2”, “Помир–1”, инчунин неругоҳи азимтарини барқи обии “Роғун” оғоз ва идома ёфт. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли “энергияи сабз” дар минтақа пешсаф буда, барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир мекунад.
Роҳ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ. Бо сарварии Пешвои миллат, садҳо километр роҳҳои байналмилалӣ ва нақбҳо сохта шуданд, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя мепайванданд. Нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, роҳҳои Душанбе–Чанак, Душанбе–Кулма ва дигар иншооти инфрасохторӣ имкон доданд, ки кишвар аз бунбасти нақлиётӣ раҳо ёбад ва ба маркази муҳими транзитӣ табдил ёбад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки “амнияти озуқаворӣ кафили амнияти миллӣ аст”. Бо роҳандозии барномаҳои давлатӣ, кишоварзӣ рушд ёфт, заминҳои нав обёрӣ шуданд, истеҳсоли ғалладона, сабзавот ва мева афзуда, содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардид.
Бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир ва зарурати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, Пешвои миллат Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро пешниҳод намуданд.
Дар ин ҳуҷҷати муҳим, ҳадафҳои нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд:
· баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод,
· рушди саноат, технологияҳои нав ва корхонаҳои истеҳсолӣ,
· баланд бардоштани сатҳи маориф ва тандурустӣ,
· таҳкими нақши ҷавонон ва занон дар ҷомеа,
· ва ҳифзи муҳити зист.
Ин Стратегия дурнамои равшани Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафта, устувор ва иҷтимоии адолатпеша муайян мекунад.
Қобили қайд аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдат, бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон ва роҳнамои роҳи рушди устувори Тоҷикистон мебошанд.
Бо сиёсати хирадмандона тавонист Тоҷикистонро аз як кишвари аз ҷанг баромада ба давлати босубот, амн ва рушдёбанда табдил диҳад.
Имрӯз татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегии рушд ва иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030 Тоҷикистонро ба сӯйи истиқлолияти пурраи иқтисодӣ, сатҳи баланди зиндагии мардум ва мавқеи шоиста дар арсаи байналмилалӣ мебарад.
Тоҷикистон зери парчами ваҳдат, сулҳ ва ободонӣ бо раҳнамои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон қадам мегузорад.
Расулзода Додулло Тоҷиддин – дотсенти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон






