АҲАМИЯТИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГИИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ ҶАВОНУ НАВРАС

23

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадриҷ ва бо итминони комил аз буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ берун гашта, баҳри ояндаи дурахшон қадамҳои устувор ва қатъӣ ба пеш мегузорад. Раванди сулҳ барои ҳамеша хусусияти баргаштнопазириро ба худ гирифт. Дар ҷумҳурӣ беш аз пеш фазои раванди бунёдкорона шакл гирифта, тамоми неруҳои ҷомеа зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои ҳар чи зудтари захираҳои дохилӣ ва сармоягузории хориҷиро барои таҳкими иқтисодиёти пас аз муноқишаҳо, бозсозӣ ва рушди устувори онро мавриди таваҷҷуҳи худ қарор медиҳад.
Аз асри ХХI 25 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон зери сарварии шахси хирадманду бомаърифат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи хушбинона назар мекунад ва бо истифодаи иқдомҳои имконпазир кушиш менамояд, ки шаҳрвандон дар шароити сулҳу созандагӣ зиндагӣ карда, ба камбизоати хотима диҳанд ва ҳаёти обрӯмандона дошта бошанд.
Масъалаи тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонону наврасон аз замонҳои хеле қадим диққати мутафаккирону олимон, шоирону нависандагон, шоҳону сарваронро ба худ ҷалб намудааст. Яке аз барҷастатарин олимони замони муосири тоҷик, шоир, нависанда ва муррабии ҷавонон устод Садриддин Айнӣ дар асарҳои таълимии худ ба талқин намудани хислатҳои ростқавл будан, дуруғ нагуфтан мепардозад ва аз ҷумла менависад, ки “Бачаи баодоб асло дуруғ намегӯяд, ба ҳеҷ кас зарар намерасонад, аз мактаб ва аз ҳарҷо чизе ки ёбад ба соҳибаш мерасонад”.
Хислатҳои некию некӯкорӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар асарҳои дигари бузургони гузаштаамон мавқеи намоён дорад. Имрӯз ҳам тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон аз ҳамин сарчашма мегирад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи насли наврас ҳамеша ва ҳаматарафа аҳамияти махсус медиҳад. Мисоли рӯшани он дар як муддати кутоҳи таърихӣ чанд маротиба қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф мебошад. Дар саҳифаи аввали қонуне, ки 22-юми июли соли 2013 қабул гардидааст, чунин навишта шудааст. “Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва проблемаҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд”. Ин гуфта аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистони имрӯза ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Мақсад аз навиштани ин сатрҳо дар он аст, ки аҳамияти илмию фарҳангии асарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар тарбияи ҷавонон ва наврасон нишон диҳем. Албатта, дар як мақола мо наметавонем, ки аз ҳама асарҳои Сарвари давлат истифода намоем. Танҳо аз асари “Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён”, ки аз се китоб иборат аст ва дар китоби якум масъалаи мазкур ҷой дода шудааст.
Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлол ва ҷамъ 11 мақола, дар китоби дуюм, ки аз 4 боб иборат аст 6 мақолаи ҷолиб оварда шудааст. Дар байни ин мақолаҳо навиштаҳои Сарвари давлатро зери унвони “Густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ дар асри Ҳахоманишиён” мавриди истифода қарор додан бисёр ба маврид аст.
Асарҳои зикршуда, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст, Сарвари давлат таърихи начандон дури шаҳри Душанберо чунин ба ёд меорад. “Ба ин шаҳри хурду назарногир, ки ҳатто номаш дар харитаи дунё сабт нашуда буд, аз чаҳор самти пойтахт арбобони илму фарҳанг, шоирону нависандагон, ходимони давлатию сиёсӣ, шаҳрсозону меъморон, хуллас фарзандони бедордили модари тоҷик гирд меомаданд. Ҳазорон мардони фидоӣ ҷойи гарму хонаи ободи худро дар шаҳрҳои хурду калон тарк карда, роҳи Душанберо пеш гирифтанд, ки пойтахти тоҷиконро ба шаҳри пешрафтаи замонавӣ табдил диҳанд. Халқи тоҷик табиатан созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастнафасу нексиришт аст. Дар хуни аҷдодии ӯ назарписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Ба касе аз рӯи ҷангҷӯиву зуроварӣ теғ накашидааст ва ҳавову ҳаваси забт кардани кишварҳои бегонаро низ аз азал надоштааст.
Ва агар ба ҷангу набардҳои хунин хеста бошад ҳам, ғолибан барои ҳамон сарзамини паймоншуда, барои ҳифзи нангу номус шамшеру сипар ба даст гирифтааст. Мисли мурғи самандар лашкаркашиҳои аҷнабиёни борҳо сухта боз аз нав эҳё гаштааст”.
Ин суханҳои Сарвари давлат таърихи гузаштаи миллати моро ба ёд меорад. Ҳамчунон, Лоиқ Шералӣ низ гуфтааст:
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина,
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб,
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст…..
Илми таърихшиносӣ водор месозад, ки насли имрӯза асосҳои онро донад ва бештар дарк намояд, ки аҷдодонаш чӣ қисмати талхеро аз сар гузаронидааст. Аҳамияти илмии асарро ин гуфтаҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон собит месозад.
Империяи Мисри қадим баъди истилои Искандари Мақдунӣ ва кишваркушоёни пасин аз байн рафт. Давлати Бобул бо Боғи муаллақи овозадор ва манораи осмонрангаш беному нишон гашт ва дигарбора насабзид. Ва дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фарҳанги давлатдории тоҷикон, ки дар қаламрави Балху Бохтар, Суғди қадим ба вуҷуд омадааст, як қатор масъалаҳои илмии давлатдориро аз қабили дастгоҳи хоси маъмурию назорат, анъанаҳои хоси кишвардорӣ, санъати хосаи шаҳрсозӣ, бунёдӣ истеҳкомҳои ҳарбӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, ривоҷу тиҷорату муомилот ва дигар омилҳои муҳимми давлатдориро нишон дода, иброз мекунад, ки аз империяи Ҳахоманишиён муқаддамтар аст. Сипас бошад ҳангоми лашкаркашиҳои Куруши Кабир ва Дорои 1 ба ҳайати он муттаҳид гашт. Аҳамияти илмии масъала дар он аст, ки ҷаҳониён фарҳанги давлатдориро аз тоҷикон омӯхтанд. Ҷавонону наврасонро ба худшиносию ватандӯстӣ тарбия месозад. Ин асар саросар илмӣ буда, ба масъалаи этникӣ-қавмӣ ва ё этногенези халқи тоҷик низ бахшида шудааст. Пешвои миллат ба маводи нави таърихии ба даст омада такя карда доираи ташаккули халқи тоҷикро сарзамини паҳноваре медонад, ки дар маркази олами ориённажоду ориётабор воқеъ буда, дар аҳди бостон бо номи умумии Ориёно ва сипас Бохтару Суғд машҳур гаштааст. Дар ин сарзамин мардумоне мезистанд, ки худро ориёӣ меномиданд.
Аҳаммияти илмию фарҳангии асар дар тарбияи ҷавонону наврасон дар он аст, ки насли наврас тасаввурот пайдо месозад, ки бохтариён, суғдиён, хоразмиён ҳамчун халқиятҳои ориёӣ нисбатан ташаккулёта зуҳур карданд. Сарвари давлат диқққати хонанда, махсусан ҷавононро ба ин нуқтаи баланди илмӣ ҷалб намуда, иброз мекунад, ки онҳо арзишҳои фарҳангии муштарак, забону гуфтори ниҳоят бо ҳам наздики ориёӣ будани худро эҳсос мекарданд. Қабилаҳои бодиянишини ориёӣ Хиёниён, Кушониён, Кидориён, Тахориён, Ҳайтолиён ба силсилаи ориёиҳои туронӣ мансубанд, дар раванди этногенези халқи тоҷик фаъолона ширкат намуданд.
Ба ин суханҳои Сарвари давлат бояд диққат дод, ки гуфтааст. “Ширкати онҳо ин равандро амиқтар ва рангинтар намуда, зимни фарҳангу оини муштараки зардуштӣ ва унсурҳои ориёӣ бунёди этногенези халқи тоҷик ташаккул ёфт”.
Сипас Сарвари давлат дар асари “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ёддовар гашта, зикр мекунад, ки подшоҳони сулолаи Каёнӣ асосан дар қаламрави Бохтару Балх макон доштанд. Онро ориёну ориёншаҳр низ ном мебурадн. Каёниён суннатҳои давлатдорию идоракунии мамлакатро бунёд мегузоштанд. Ҳатто Бохтару Суғд як зарабоне дар набзи сиёсати давлати Ҳахоманишиён вилояти ҷудогона ҳам бошад, алалхусус ҷанговарони бахтарию суғдӣ шӯру ошӯбҳои сарзадаи қисмати шарқии қаламрави Ҳахоманишиёнро хомӯш намуда, ҳангоми ҷангҳои кишваркушоӣ дар сафи пеш меистоданд. Дар ин ҷо мо тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстиро мебинем, ки дар катибаи Бесутун нақши аҷдоди моро аз ҷиҳати ҷасурӣ, нотарсӣ, диловарӣ, қаҳрамонӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ барин хислатҳои бузурги инсонӣ сабт гардидааст.
Барои мо тоҷикон соҳибистиқлол шудану роҳбари хирадмандро интихоб кардан бузургтарин неъмат аст. Маҳз дар давраи истиқлол бевосита зери роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон илму маориф ва фарҳанги тоҷикон рушду камоли тоза ёфт. Яке аз асарҳои Пешвои миллат ин “Дин ва ҷомеа” мебошад. Ин асар маҷмуи суханрониҳо, очерку мақолаҳо, табрикномаҳои Сарвари давлатро дар бар мегирад. Асар дар ҳаҷми 662 саҳифа соли 2013 нашр шудааст.
Хулоса, дар 34-соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи фарҳанги кишвар дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу назаррас ноил гардид. Имрӯз зарур аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа ба фарҳанги қадима ва рангини миллиамон такя намуда, дар рушди фарҳанги навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии наслҳои наврас ва ҷавони кишвар саҳми хешро гузоранд. Дар ин раванди пуртазод ва бархӯрди фарҳангҳо, ки натиҷаи ҷаҳонишавӣ аст, ҳамон миллате ҳастии хешро нигаҳ медорад, ки аз таъриху тамаддуни миллӣ огаҳ бошад ва ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Дар акси ҳол дар зери фарҳанги бегона қарор гирифта, оқибат бегонапрастӣ ва ифротагроӣ боиси нест гардидани миллат мешавад. Таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки канда шудан аз таърихи хеш умри миллатро кутоҳ менамояд. Аз ин рӯ зарур аст, ки барои нигаҳдошти миллат ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ боло бардошта шавад. Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақсим намудани китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи кишвар, ки саршор аз ғояҳо ва асолати миллӣ аст, пеш аз ҳама аз баланд бардоштани дониши таърихӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ иборат аст. Имрӯз татбиқи сиёсати давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими миллӣ аз сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Бинобар ин вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки тамоми афроди ҷомеа дар заминаи фарҳанги миллӣ фарҳанги сиёсии хешро ташаккул ва рушд бахшанд. Махсусан, қишри зиёии ҷомеаро мебояд, ки ҷиҳати шарҳу тавзеҳи вижагиҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар семинару нишастҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа баргузор намоянд, то бардавомии миллату давлати соҳибистиқлол дар заминаи маърифти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳазорсолаҳои ояндаи таърих сабт шавад.

Одиназода Меҳрубон Абдураҳмон, н.и.и., дотсенти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ