(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар нақши сарнавиштсоз ва таърихӣ дошта, пояи устувории давлат, кафили Конститутсия ва рамзи ягонагии миллат ба шумор меравад. Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи ӯ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, арзишҳои конститутсионӣ ва устувории сохтори сиёсӣ таъмин гардидаанд. Президент ҳамчун меҳвари ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон сарвари давлат ва роҳбари ҳокимияти иҷроия буда, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва шохаҳои ҳокимиятро ҳамоҳанг месозад ва сиёсати умумимиллӣ ва стратегии давлатро роҳнамоӣ менамояд.
Дар шароити муосир, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ хеле амиқ ва фарогир аст. Бо сиёсати хирадмандона ва давлатсозонаи худ Пешвои миллат тавонист низоми идоракунии ҳуқуқбунёдро бунёд намояд, истиқлоли сиёсиву иқтисодиро таҳким бахшад ва рӯҳи ваҳдати миллӣ ва худшиносии мардумро эҳё намоянд. Президенти кишвар дар баробари иҷрои вазифаҳои ҳуқуқии худ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон, ба давлатдорӣ мазмун ва арзиши миллӣ бахшида, онро ба рамзи ифтихор, эътимод ва ваҳдати халқи тоҷик табдил додаанд.
Таҳкими давлатдории миллӣ яке аз рукнҳои асосии рушди сиёсиву маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ифодаи равшани иродаи созанда, хиради сиёсӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик мебошад. Ин раванд бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи сифатан нав ворид шуда, ба пояи устувори давлатдории муосир табдил ёфт.
Таҳкими давлатдории миллӣ равандест фарогир, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиро аз пояҳои ҳуқуқӣ ва сохтори ҳокимият то худшиносии фарҳангӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар бар мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист пояҳои конститутсионии худро таҳким бахшад, устувории сиёсӣ ба даст оварад ва ҳувияти миллиро эҳё намояд.
Дарвоқеъ, таърих барои ҳар халқу миллат чеҳраҳои бузургеро дар марҳилаҳои гуногуни таърих эҳдо мекунад, то бори масъулияти сарҷамъӣ, хештаншиносӣ, танзим ва рушди миллатро бар дӯш гиранд. Парвардигор барои миллати тоҷик чунин шахсияти шарифу нодирро дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзонӣ дошт. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин аст, ки тавонист роҳбари наҷотбахшро ба халқи тоҷик эҳдо намояд. Дар суханронии аввалини Пешвои миллат ба сифати Раиси Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтаҳои таърихии эшон:
«Ман ба шумо сулҳ меорам» ва «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам» таҷассум ёфтанд.
Пешвои миллат бо сиёсати оқилона, воқеаннигарона ва таҷрибаи бойи давлатдорӣ тавонист низоми идоракунии кишварро ба сатҳи сифатан нав бардорад. Зери роҳбарии ӯ ислоҳоти фарогири идоракунӣ дар ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи асосии он таҳкими самаранокии идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Дар натиҷаи ин ислоҳот, фарҳанги хизмат ба давлат ва мардум ҳамчун арзиши ахлоқиву миллӣ дар ҷомеа реша давонд. Мақсади асосӣ на танҳо иҷрои вазифаҳои расмӣ, балки хидмат бо виҷдон, садоқат ва эҳсоси масъулияти ватандӯстона гардид. Роҳбари давлат борҳо таъкид кардааст, ки давлатдорӣ танҳо бо қонун ва қарорҳо не, балки бо виҷдон, масъулият ва муҳаббат ба Ватан пойдор мемонад.
Дар ҳақиқат, барои тавсифи фазилатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон саҳифа ҳам кофӣ нест. Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузургест, ки ҳар лаҳзаи онро бояд омӯхт ва барои наслҳои оянда ҳамчун мактаби сиёсат, ватандӯстӣ, вафодорӣ ва созандагӣ ба мерос гузошт.
Имрӯз мактаби давлатдории миллӣ, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтааст, аз ҷониби сиёсатмадорону таҳлилгарони ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дорад. Таҷрибаи он ҳамчун намунаи беназир барои барқарорсозии сулҳу субот дар давлатҳои ҷангзада истифода мешавад. Зеро маҳз Пешвои миллат — сиёсатмадори боирода, дурбин ва хирадманд тавонист пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагии миллӣ давлатро дубора сарҷамъ намуда, пояҳои устувори сулҳу ваҳдатро гузорад.
Имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллати тоҷикро бо корҳои бунёдкорона, фикрҳои дурбин ва сиёсати навоварона мешиносанд ва эҳтиром доранд.
Мо — ҷавонон, бо Сарвари худ рӯҳбаландем! Аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ифтихор дорем ва шукр мегӯем, ки тоҷикем, аз Тоҷикистонем ва чунин Пешво дорем!
Ба ин марди Худо, эй халқи ман, шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.
Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард,
Ватан обод бо ин Сарвари фарзона бояд кард.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ИФТИХОРИ МО ҶАВОНОН!
ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БА СӮЙИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН!
Абдураҳмонзода Лоиқ – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон






