ТАҚСИМОТИ МЕҲНАТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОД

13

Рушди иқтисод барои ҳар кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Чунки дар баробари он ҷойҳои нави корӣ эҷод шуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ боло меравад ва сармоя барои эҷодиёту навоварӣ ба даст меояд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки дар он рақобати шадид вуҷуд дорад, болобарии самаранокии меҳнат, ки ба афзоиши истеҳсолот ва коҳиши нарх оварда мерасонад, ба яке аз ҷанбаҳои муҳимми соҳибкориву мудирият табдил меёбад. Махсусан, дар асри ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои ҳамлу нақли маҳсулот, ки рақобатро дар бозори ҷаҳонӣ шадидтар сохтаанд, масъалаи болобарии самаранокии меҳнат ва рақобатпазирӣ таваҷҷуҳи бештарро ба худ ҷалб намудааст. Яке аз роҳҳои ба даст овардани ҳадаф дар ин ҷода тақсимоти дурусти меҳнат мебошад.

Тақсимоти меҳнат ин вогузории вазифаҳои мушаххас ба шахсон ва ё гурӯҳҳои алоҳида мебошад, ки онҳо тавонанд дар як самт амиқтар ворид шуда, дар он тахассус пайдо намояд. Ин раванди кор дар як самти мушаххас ва бештар ворид шудан ба он самаранокии меҳнатро боло мебарад, ки омили асосии рақобатпазирии корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва дар маҷмуъ иқтисоди як кишвар мебошад. Тақсимоти меҳнат самаранокии меҳнатро ба воситаи сафарбар кардани кормандон ба корҳое, ки дар он бартарии зеҳниву ҷисмонӣ доранд, боло мебарад ва маҳсулоту хизматрасониҳоро босифаттар ва бозоргиртар месозад. Махсусан, дар раванди истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати технологӣ мураккаб он аҳамияти бузург пайдо мекунад. Чунки ба воситаи он вазифаҳои мураккабро метавон ба қисмҳо ҷудо намуда, самарнок идора намуд. Ҳамчунин, тақсимоти меҳнат шумораи маҳсулоти истеҳсолшавандаро бамаротиб боло бурда метавонад, ки ин даромади корхона, давлат ва кормандонро зиёд менамояд. Дар натиҷа, сатҳу сифати зиндагӣ боло рафта, ҳадафи асосии як давлат, яъне зиёд кардани даромади буҷа ва коҳиши камбизоатӣ, ба даст меояд.

Ҳанӯз дар асри XVIII масъалаи тақсимоти меҳнат мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта буд. Иқтисодшиноси Бритониёӣ Адам Смит (1723-1790) дар асари худ “Сарвати миллатҳо” (The Wealth of Nations) тақсимоти меҳнатро барои рушди иқтисодӣ ва ба даст овардани афзоиш дар истеҳсолот ва коҳиши нархҳо омили калидӣ мешуморид. Он метавонад ба корхонаву давлат ва ҳамчунин ба коргар манфиати зиёди моддӣ биёрад. Баъдтар, донишманди Фаронсавӣ Эмил Дурхейм (1858-1917) дар корҳои худ оид ба такомули иҷтимоӣ аз тақсимоти меҳнат ҳамчун мафҳуми ҷомеашиносӣ истифода мекунад. Ӯ тақсимоти меҳнатро на танҳо ҳамчун ҳадафе, ки барои дастрасӣ ба манфиатҳои молии бештар равона шуда бошад, балки ҳамчунин барои мутобиқ шудан ба сохтори нави иҷтимоӣ зарурӣ мешуморад. Дурхейм мегӯяд, ки тахассусгароӣ ва тақсимоти меҳнат аз тағйирот дар сохтори иҷтимоӣ бархостааст, ки дар натиҷаи афзоиши табиии аҳолӣ ва зичии он ва ҳамзамон сахттар шудани рақобат дар мубориза барои ҳаёт шакл мегирад. Дар чунин вазъияти мураккаб тақсимоти меҳнат ҷомеаро аз парокандашавӣ нигаҳ медорад. Яъне тақсимоти меҳнат дар баробари боло бурдани самаранокӣ ва даромади молӣ ташаннуҷҳои эҳтимолӣ дар ҷомеаро низ пешгирӣ карда метавонад.

Тоҷикистони азизи мо низ дар давраи нав, баъди расидан ба сулҳи пойдор, ба пайраҳаи рушди устувор ворид гардид. Дар баробари дигар ҷанбаҳои болобарии самаранокии меҳнат корхонаву ташкилотҳои мо низ ба тақсимоти меҳнат ва гирифтани манфиати иқтисодиву иҷтимоӣ аз он таваҷҷуҳ менамоянд. Кишвари мо сол аз сол ҳузури худро дар бозори ҷаҳонӣ бештар карда истодааст. Молу хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори ҷаҳонӣ бо рақобати шадид рӯ ба рӯ ҳастанд. Беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ агар вазифаи давлат бошад ва давлати мо бе шак аз уҳдаи он баромада истодааст, болобарии самаранокии меҳнат дар корхонаву ширкатҳо ба уҳдаи раҳбарони онҳо аст. Ин ҷо дар баробари сармоягузории бештар ва роҳандозӣ намудани технологияҳои навтар таваҷҷуҳ ба тақсимоти меҳнат низ аз назари раҳбарони корхонаҳо набояд дур бошад. Чунки таваҷҷуҳ ба он ва дурусттар ба роҳ мондани тақсимоти меҳнат рақобатпазирии корхонаҳои ватаниро бештар намуда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва баландтар бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ нақши бузург дошта метавонанд. Илова бар ин, маҳсулоти корхонаҳо то рафт босифаттар ва раванди кор дар онҳо мураккабтар шуда истодааст, ки дар ин ҳолат тақсимоти дурусти меҳнат аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Маълум аст, ки дар асри ҷаҳонишавӣ рақобат дар бозори ҷаҳонӣ шадидтар шудааст ва танҳо давлатҳое метавонанд дар он ҷойгоҳи муносиби худро дошта бошанд, ки бо истифода аз технологияҳои навтарин самаранокии меҳнатро боло баранд. Тақсимоти дурусти меҳнат низ як технологияи мудирият аст. Бо назардошти шароит дар бозори ҷаҳонӣ ва бозорҳои минтақавӣ ҳамеша онро тақвият додан лозим аст. Тақсимоти дурусти меҳнат яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои бузурги як давлат ва як ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, он тақвияти пайвастаро тақозо мекунад ва бозбинии равандҳо ва анъанаҳое, ки ба он таъсири манфӣ мерасонанд, яке аз шартҳои асосии муваффақ шудан дар замони муосир аст. Дар замони муосир танҳо ширкатҳое мавҷудияти худро нигаҳ медоранд, ки раванди истеҳсоли молу хизматрасонии худро пайваста тақвият дода, самаранокии меҳнатро бештар месозанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тақсимоти меҳнат дар рушди иқтисод нақши калон дорад. Дар шароити пуррақобати бозор ҳеҷ як ширкату корхонае наметавонад онро нодида бигирад ва муваффақ бошад. Барои истифодаи самаранок аз захираҳои моддиву зеҳнӣ ҳам ширкатҳо ва ҳам давлатҳо мудирият ва нақшагириҳои худро давра ба давра навтару беҳтар сохта, дар баробари дигар ҷанбаҳо, тақсимоти меҳнатро низ тақвият медиҳанд. Махсусан, дар раванди истеҳсоли маҳсулоти мураккаб дар корхонаҳои бузург ин масъала аҳаммияти калон дорад ва дуруст ба роҳ мондани он шарт ва зарур мебошад. Илова бар ин, дар шароите, ки зери таъсири технологияҳои иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ сохтори иҷтимоӣ дар кишварҳои ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, тақсимоти меҳнат метавонад мутобиқшавии инсонҳо ба онро осонтар намуда, парокандашавӣ ва бебандуборӣ дар ҷомеаро пешгирӣ намояд.

Сино БАРОТЗОДА, донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси технология ва низоми иттилоот дар иқтисодиёти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ