ОМОРИ ПАЁМ НИШОНДИҲАНДАИ ТАСДИҚКУНАНДАИ БЕҲДОШТИ САТҲИ ЗИНДАГИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

Ҳамасола мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар сукунат доранд, Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интизор мешаванд, зеро дар он омори самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иникос ёфта, ҳолати сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз масъалаи калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва моҳияти он дар меҳвари тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда, барнома ва стратегияҳо ҷойгир карда шудааст. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола иброз намуданд «Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад».

Аз ҷониби дигар фаъолияти тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона гардида, нишондиҳандаҳои рушди онҳо тайи даҳ соли охир (2015-2025) назаррас мебошанд. Зиёд гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 3,4 баробар ва ба 173 миллиард сомонӣ расидани он, ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфтани он (яъне дар ҳаҷми 10.4 ҳазор сомонӣ афзоиш), ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтани иқтисоди миллӣ, дар ҳаҷми 670 миллиард сомонӣ ҷалб намудани маблағгузориҳо ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки таъсири бевоситаи худро ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мерасонанд.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нишондиҳандаи макроиқтисодӣ буда, ифодакунандаи даромади миллии давлат маҳсуб меёбад ва самаранокии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва самти рушди иқтисодиёти мамлакатро ифода мекунад. Бузургии нишондиҳандаи мазкур дар соли 2025-ум 173 миллиард сомониро ташкил дод ва нисбати нишондиҳандаи соли 2024-ум 23 миллиард сомонӣ ё 15,4 фоиз барзиёд шудааст, ки фаъолияти самараноки субъектони иқтисодиро ифода мекунад. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2020-ум маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 82,5 миллиард сомониро ташкил мекард ва давоми 5 сол (2020-2025) 90,5 миллиард сомонӣ зиёд гардид, яъне ҳисоби афзоиши миёнасолонаи мутлақи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 22,6 миллиард сомониро ташкил намудааст. Давоми солҳои 2020-2025 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 90,5 миллиард сомонӣ ё 2,1 маротиба зиёд шудааст, ки таъсири худро ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мерасонад.

Нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодӣ, ки ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита мерасонанд даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнат маҳсуб меёбад. Нишондиҳандаи даромади пулии аҳолӣ дар соли 2025-ум 165 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбати нишондоди соли 2015-ум 139 миллиард сомонӣ ва нисбати соли 2024-ум 18 миллиард сомонӣ бештар гардидааст. Бузургии нишондиҳандаи мазкур давоми 10 соли охир (2015-2025) зиёда аз 6,3 маротиба зиёд ва ҳисоби миёнаи афзоиши мутлақи 15,4 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки дар беҳдошти сатҳи зиндагӣ бетаъсир намемонад. Афзоиши нишондиҳандаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки хоҷагиҳои хонавода талаботҳои моддӣ ва маънавии худро қонеъ гардонда, барои истифодаи нишондиҳандаҳои сабади истеъмолӣ дастрасӣ пайдо намоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ҳамасола маоши кормандон, андозаи нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад, ки сарчашмаҳои мазкур бевосита дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонад. Дар ин росто Пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Хулоса, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар соли 2026-ум 29,5 миллиард сомонӣ аз буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад, ки гуфтаҳои болоро собит намуда, имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардонида шавад.

Дотсенти кафедраи омори
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аҳмадзода Ф.М.