ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ

15

Имрӯз (26.02.2026) дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии устодону кормандони факултет бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ полковники милитсия Сайфзода Самад Мадамон – сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва капитани милитсия Абдуллозода Хадятулло Нарзулло – корманди ҳамин раёсат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, хатарҳои он ба ҷомеа ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба амалҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср хатари ҷиддии глобалӣ дошта, ба суботу амнияти давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамчунин қайд гардид, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон омили муҳимми пешгирии чунин падидаҳо арзёбӣ гардид.