Рушди иқтисодиёти рақамӣ

555

Имрӯз (28.03.2020) бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорати молиявию хоҷагӣ дар давраи иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илм ва навоварии техникии донишгоҳ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Сипас С. Низомов, д.и.и., мудири кафедраи таҳлили иқтисод ва аудит оид ба «Рушди методикаи гузаронидани аудит дар шароити иқтисодиёти рақамӣ», С. Содиқов, н.и.и., директори аудити дохилӣ ва таҳлилии ширкати «Сомон Эйр» роҷеъ ба «Ташкили баҳисобгирии муҳосибии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар муҳити электронӣ», ва Ф.Зокирова, аспиранти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ доир ба «Рушди низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии мақомоти назоратӣ дар доираи барномаи «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт.