ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ

585

Дар факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Таъминоти баҳисобгирӣ-таҳлилии ҷараёнҳои идоракунӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, дотсент М.Калемуллоев ва сардори шуъбаи охбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.

Дар нишаст устодон роҷеъ ба таъминоти баҳисобгирӣ-таҳлилии ҷараёнҳои идоракунӣ, рушди аудити дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ маърӯзаҳо ироа намуданд. Нишаст бо суолу ҷавоб ва пешниҳодҳои мушаххас ба охир расид.