НИЗОМИ ҲИСОБҲОИ МИЛЛӢ

748

Дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои гузариш ба низоми ҳисобҳои миллӣ ва моделсозии равандҳои иқтисодӣ» семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини декан оид ба илм ва инноватсия Тоҳирова Р.С. оғоз ёфт. Дар нишаст намояндагони Агентии омори назди Президенти ҶТ ва мудирону устодони кафедраҳои факултет иштирок доштанд.

        Тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии низоми ҳисобҳои миллӣ-2008, низоми муодилаҳои эконометрӣ дар тадқиқоти иқтисодӣ ва вазъи кунунии иқтисоди рақамӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои баррасигардидаи ҳамоиши мазкур ба ҳисоб меравад.