ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ЗАМИНАЕСТ БАҲРИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

408

Дар таърихи навин волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ аст, ки он дар рушди давлатдории миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Имсол мо сиюмин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Дар ин муддат давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Дар ин давраи таърихӣ баҳри суботи сиёсиву иқтисодӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангии кишвар ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ва мондагор аст. Пешниҳод ва амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боэътимод баҳри дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шариқ, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар хислатҳои муҳимми сиёсатмадори тоҷик Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар саҳми босазо гузошта истодааст. Ин аст, ки сиёсатмадорони ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллатро ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор эътироф менамоянд.

Ҳамин аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат рушди босуботи иқтисодӣ дар қатори дигар соҳаҳои афзалиятноки кишвар таъмин карда шуда, татбиқи стратегияи амиқ, самараноки иқтисодӣ ва сиёсӣ ба даст омад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки кулли қарорҳои стратегии кишвар барои ноил шудан ба рушди иқтисодӣ бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ шуд.

Бо мақсади ноил шудан ба рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ Пешвои миллат сиёсати “Дарҳои кушода” ва рушди ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистонро бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монд, ки муҳимтарини онҳо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Созмони Ҳамкории Шанхай ба шумор меравад. Дар натиҷа миёни Тоҷикистон ва зиёда аз 100 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ барқарор шуд.

Дар солҳои охир ҷумҳурии мо ҳам низ ба марҳалаи сифатан нави инкишофи иқтисодӣ- иҷтимоӣ рӯ ниҳодааст. Агар дар марҳалаҳои пеш мақсади барқарорсозии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар назар дошта шуда бошанд, ҳоло бо бунёди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили заминаи инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ шароити ба амал баровардани нақшаҳои бузурги ҳам инфрасохторӣ, ки кишварро ба бозори ҷаҳонӣ бештар ворид месозад, ҳам саноатию иноватсионӣ, ки рушди сармояи инсонӣ ва шароити меҳнату зиндагии шоистаро таъмин менамояд, фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин, Пешвои миллат солҳои охир ҳадафҳои сифатан навро пайгирӣ менамояд.

Яке аз дастовардҳое, ки ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири бештар дорад ин пешравиҳои соҳаи энергетикии кишвар мебошад. Имрӯз Истиқлолияти энергетикӣ дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Аврупо, сиёсатшинос Таир Мансуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз асосгузорони ин созмон номида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар ин созмон андешаи ҷолиб иброз намуда буд. Дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ӯ изҳор дошт, ки «натанҳо нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда ва Роғун, балки дигар нерӯгоҳҳо низ бояд сохта шаванд, чунки барои Тоҷикистон ин роҳи асосии тарққиёт аст ва таъкид дошт, ки сохтани ин гуна иншоотҳо бояд бо назардошти манфиатҳои кишварҳои поёноб сурат бигиранд». Ба андешаи ӯ «нерӯи барқ натанҳо барои дохил, балки барои содирот низ бояд истеҳсол шавад ва кишваре, ки нерӯи барқ содир мекунад, кишвари босубот рушдкунанда» ба шумор меравад.

Ҳамагон хуб медонанд, ки барои тезонидани сохтмони НБО-и Сангтӯда ва Роғун Сарвари давлат чандин маротиба ба он мавзеъҳо сафар намуданд. Натиҷаи ин сафарҳо буд, ки дар аввали соли 2011 агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва соли 2019 НБО-и Роғун ба кор даромаданд. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст».

Ба истифода додани НБО-ҳои хурду калон, ифтитоҳи чандин корхонаҳои саноатӣ, ташкил гардидани садҳо ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи дастовардҳои ин соҳа мебошанд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар самти соҳаҳои энергетика ва саноат, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сӯзишворию энергетикӣ, таъмини ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо нерӯи барқ, ба кор андохтани нерӯгоҳҳои барқӣ-обии хурду калон, зарурати тезондани ҷараёни истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолотро фаро гирифтааст, ибрози назар карданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои бунёдию стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа татбиқи маҷмӯи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа дар кишвар идома дорад. Дар ин ҷода баланд бардоштани қобилияти рақобати комплекси сӯзишвориву энергетикӣ, аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани энергия, инчунин, кам кардани талафоти он вобаста мебошад. Имрӯз дар баробари маблағҳои буҷетӣ барои рушди соҳаи энергетикаи мамлакат сармояи хориҷӣ низ ҷалб карда мешавад.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо cарварии оқилонаи Пешвои муаззами миллат халқи мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштанд ва корҳои азими бунёдкориву созандагиро анҷом доданд. Аз ҷумла, ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукуматро муайян намуда, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакатро ба самтҳои асосии сиёсати давлат табдил додаву роҳи саноатикунонии кишварро сарбаландона пайгирӣ менамояд. Ҳамзамон, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаанд.

Дар ин давра дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳои ҳаётан муҳими энергетикӣ, ба монанди нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-1», нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2», хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи байни Тоҷикистону Афғонистон, корҳои барқарорсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ амалӣ гаштанд ва гардида истодаанд, ки ҳамагӣ дар самтҳои гуногун ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намуда истодаанд.

Ҳамин тавр, бо кору амалҳое, ки дар се даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ эҷод шудаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо масъулияти баланд вазифагузориҳо ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳуриро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кору фаъолияти минбаъдаи худ қарор диҳем, ҷиҳати татбиқи босамари стратегияҳо, инчунин, рушди босуботи иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошем.

Насимҷон Абдулмуминзода, муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент