Табрикоти декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ, Абдулмуминзода Н.А. ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ
Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!
31 сол ин ҷониб мардуми шарафманди тоҷик аз самараи Истиқлол бархурдоранду бо дастони худ иморати муҳташами давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро бунёд мекунанд.
Барои мо мардуми волозамири тоҷик мояи ифтихор ва сарфарозист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-сентябр дар фазои сулҳу суботи кишвар аз 31 -умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ифтихормандӣ истиқбол менамоем.
Истиқлолият муҳимтарин дастоварди миллӣ ба ҳисоб меравад. 31- соли Истиқлолият дар қиёси таърихӣ муддати тӯлонӣ нест, аммо барои миллати куҳантаърихи мо як давраи хоси таърихӣ ва марҳилаи асосии бунёди давлати навин мебошад. Бинобар ин, Истиқлолият барои халқи мо арзиши бузург дорад.
Ҳамкорони азиз!
Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.
Расидан ба қадри истиқлолият ва таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.
Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи илму фарҳанг беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем.
Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик бо дастгирӣ аз сиёсати ояндасози Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ намунаи баланди ватандӯстӣ нишон медиҳанд, бо заҳматҳои ҳамарӯзаи худ саҳмгузори рушду нумӯъ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз ба хотири фардои дурахшони сарзамини тоҷик аст.
Бигузор чароғи Истиқлолияти Ватан дар фазои сулҳу суботи кишвар абадан фурӯзон бошад. Ва Истиқлолият марзи номус ва шарафу ифтихори ҳар фарди озод андешу озодихоҳи ин Ватан бошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷики