ҚИШРИ СОЗАНДАИ ҶОМЕА ВА ҲАМ ОСЕБПАЗИР

242

Ҷавонон ҳамеша қишри созанда ва неруи бузурги давлату ҳукумати кишвар ба шумор рафта, ин неруи бузург кафили бақои диёру сарзамини мо дар асри нав дониста мешавад. Дар ҳақиқат ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин, умеду такягоҳи давлат мебошанд. Ин неруи пешбарандаи ҷомеа аз солҳои аввали Истиқлолият ифодагари ифтихори миллӣ ва ҳам шукуфоиву пешрафти он мебошанд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки: “Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад”. Нуқтаи боло эҳтирому эътимод ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлатро нисбат ба ин қишри бузургу созандаи ҷомеа нишон медиҳад. Ин тамоюл танҳо хоси имрӯз намебошад ва ҳанӯз оғоз аз соли 1993 Пешвои миллат доим бо ҷавонони кишвар муколамаву вохӯриҳо баргузор менамоянд. Мусаллам аст, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд мегардад.

Сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонони он кишвар то чи андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кишварҳо ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ва эҷодӣ ноил мегарданд, ки ҷавонони он соҳибкасб ва соҳибмаълумот бошанд. Боиси ифтихори ҳар як ҷавони имрӯзаи кишвари мо мебошад, ки давлату ҳукумати кишвар бузургтарин ҳадафҳои стратегиро дар такя ба неруву донишҳои ҷавонон амалӣ намуда истодааст. Ҳадафи чоруми стратегӣ ин саноатикунонии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки дар ин ҷода нақши ҷавонон аввалиндараҷа мебошад.

Асри бисту як ин асри бархурди фарҳангу тамаддунҳо мебошад ва барои ҳар як миллати худогоҳ тарбияи худшиносии ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ заминаи устуворе дар муқобили ҳама хавфу хатарҳо эътироф мегардад. Дар замони бархурди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвату тазодҳои ҷаҳони муосир, насли ҷавон ягона василаи устуворест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардад. Имрӯзҳо иштироки ҷавонон дар арҷ гузоштан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ, тарзи ҳаёти солим, азхудкунии касб ва илмомӯзӣ, қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоии онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳо ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон дар ҳаёти рӯзмарра муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин самт тарбияву ба камол расонидани мутахассисони лаёқатманду кордон ва истифода аз ҷаҳонбиниву донишҳои замонавии онҳо асоси сиёсати кадрии феълии ҳукумати кишварамон ба шумор рафта, дар чанд соли охир таваҷҷуҳ ба кадрҳои ҷавон торафт зиёд гардида истодааст. Дар ин замина фаро гирифтани мутахассисони ҷавон ба корҳои роҳбарикунанда раванди уммедбахши дигаргун гаштани фазои иҷтимоиву иқтисодиву сиёсии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дониста мешавад. Боиси қаноатмандист, ки шумораи хизматчиёни давлатии то 35-сола дар ҷумҳури ҳудуди 50 фоизро ташкил дода, ҷалби онҳо ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ торафт бештар мегардад. Шумораи ҷавонон дар корҳои роҳбарикунанда зиёд гардида истодааст, ки дар ин самт нисбат ба солҳои қаблӣ тафовут зиёд дида мешавад. Монеаву мушкилот барои ба кор қабул гардидани ҷавонон хеле кам аст ва хуб аст, ки барои ба кор таъмин гаштани ҷавонони соҳибихтисос ва кашфи истеъдодҳо дар аксари идораву корхонахову муассисаҳо озмунҳоро онҳо тариқи озмунҳо интихоб мегарданд. Аз суханрониҳову муроҷиатҳои Роҳбари давлатамон маълум мегардад, ки ба нафароне ки забонҳои хориҷиро медонанду ихтисосҳои замонавиро балад мебошанд, имконияту афзалияти бештар дода мешавад. Чунин тамоюл маънии онро дорад, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои созандаи сиёсиву иқтисодии кишварро торафт суръат бахшидаанду пешравию таҳаввулоти Тоҷикистонро бо ҷараёну таҳаввулоти ҷаҳонишавии муосир ҳамоҳанг гардонидаанд.

Маориф ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал қарор гирифтааст. Дар замони кунунӣ дар кишвари мо ҳудуди 4000 макотибу муассисаҳои таълимӣ амал менамоянд, ки дар онҳо бештар аз 2 миллион нафар наврасону кудакон таҳсил доранд. Бо файзи истиқлолияти миллӣ дар ҷумҳурии мо 39 макотиби олӣ амал менамоянд, ки дар онҳо қариб 180 ҳазор нафар ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар пайвастагӣ ба ғамхорию дастгирии Ҳукумати кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ сатҳу сифати таҳсилоти ҷавонон дар хориҷи кишвар торафт баланд гардида истодааст. Онҳо ҳамчун мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар дохилу хориҷи кишвар айнӣ замон дар хориҷи кишвар 8041 нафар ҷавонон, аз ҷумла 5725 нафар аз ҳисоби бурсияҳои давлатӣ таҳсил доранд. Аммо таассуфовар ин аст, ки дар давлатҳои хориҷӣ баъзан ҳангоми таҳсил донишҷӯёни мо ба мушкилоти зиёди хусусияти иҷтимоӣ ва хуқуқидошта дучор мегарданд, ба фарҳанги бегона майл намуда, ахлоқи шарқиёнаи худро фаромӯш менамоянд аз ҳувияти миллӣ дифоъ насохта аз бемаърифатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ шомил гардида, ба рафтору кирдорҳои номатлуб даст мезананд. Дар ин масъала бояд волидайн бетафовут набошанду масъулияти бештар зоҳир намуда, аз овони наврасӣ фарзандонро рӯҳияи худогоҳиву ватанӯстӣ ба камол расонанд. Ба гумони инҷониб дар чанд соли охир чунин тамоюле ба назар мерасад, ки ҷавонони тоҷик нисбатан бомаърифату ҳушёр гардида, дар роҳи интихобкардаашон хеле кам ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Ин ҳам самараи тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад, ки имрӯз дар маркази диққати роҳбарияти давлату ҳукумат қарор гирифтааст.

Аз рӯи мушоҳидаҳову маълумотҳо аз сомонаҳои интернетӣ метавон эҳсос намуд, ки нафароне, ки рафтори номатлуб доранд, ин ҷавонони то синни 35 сола буда, ба ҳар гуна роҳи найрангу фиреб ба доми ҳаракатҳои ифротӣ афтодаанд. Тибқи маълумотҳо, афзоиши сатҳи амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон дар ҷаҳон, аз қабили ҷинояткорӣ, харидуфуруши одамон, бахусус кӯдакон, нашъаҷаллобӣ, терроризму экстремизм монеаи рушди бештари давлатҳо гардида, ҷомеаи ҷаҳониро то андозае зери хатар қарор додааст. Дар кишварҳои ҷангзадаву гирифтори буҳронгардида, неруҳои таҳмилӣ дар навбати аввал ҷавононро гумроҳ гардонида, бо истифода аз мавқеи мазҳабиву динӣ онҳоро дар сангарҳо қарор медиҳанд. Ба роҳ андохтани чунин мухолифатҳо боис мегардад, ки ҳадафҳову нақшаҳои геополитикӣ амалӣ гардонида шаванд. Ин нуқтаи ҳассосро Тоҷикистон беш аз дигарон хеле хуб дарк карда метавонад. Зеро, дар остонаи соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо ҷаҳолату ғафлати ҷавонон давлати навбунёди мо гирифтори ҷанги дохилӣ гардида буд. Ин омил Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор намудааст, ки дар сиёсати пешгирифтаашон сулҳу ҳамгироиро муқаддамтар аз ҳама чизи дигар қарор диҳанд. Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки Тоҷикистон ки аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои рӯ ба таҳаввул маҳсуб меёбад ва бо дар назардошти Сиёсати хуқуқии ҷумҳурӣ, ки дар он арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелагардонии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад, дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир, равона шудааст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани зиддиятҳои минтақавию тамаддунӣ яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувории давлати ҳуқуқбунёд ва ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон, ин дуруст, бонизом ва мутобиқ ба арзишҳои башарӣ ва манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.

Дар ин замина ҷавонон чун захираҳои асосӣ дар роҳи рушди мақсадҳо ба сӯи ҷомеаи созанда ба тағйироти иҷтимоӣ, инкишофи иқтисодӣ ва тараққиёти техникӣ метавонанд боис гарданд. Ҳамчун дивиденди демографӣ ҷавонон барои Тоҷикистон як захираву сарвати муҳим ба шумор меравад. Тарбияву касбомӯзии онҳо ва дар майдони меҳнатдӯстӣ камол ёфтани ҷавонони кишвар ин кафолати дар оянда ба рушдҳи бесобиқаи иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидани ватани мо ба шумор меравад. Тахайюлоти эҷодии онҳо, метавонад ҳамчун муҳаррики доиморушдёбандаи ҷомеа гардад, ки дар он зиндагӣ ва фаъолият доранд. Ба мо айён аст, ки ҳадафи асосии ҷомеаи мо фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти фарох ҷиҳати иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ва дар ин замина тарғибу ташвиқи эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таъмини таҳсилоти муносиб, таҳкими фарҳанги миллӣ , таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Бешак интихоби роҳи дуруст ва ахлоқ неки ҷавонон худ омӯхтани роҳи дурусти зиндагӣ дониста мешавад ва роҳҳои ба ҳаёти шоду хуррамона расидани мо инсонҳо мафҳумҳои умумиинсонӣ ба монанди фоидаи ҳамагон, хушбахтӣ, гузаштан аз душвориҳои зиндагӣ бевосита ба кушишҳои мо вобастагии амиқ дорад.

Ҷаҳонишавии муосир равандҳои мураккабу печидаро ба вуҷуд оварда, манфиатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҷомеаҳои бозмондаву ғафлатзадаро хеле оҷилӣ гирифтори буҳронҳои амиқ мегардонанд. Тавре ишора гардид, дар ин роҳ қишри аз ҳама осебпазир ҷавонон ба шумор мераванд. Ҳамон ҷавононе, ки дур аз таҳсил қарор гирифтаанду донишҳову ҷаҳонбиниҳои замонавӣ надоранд. Фирефташавии онҳо боиси даҳшату бадбахтиҳои зиёд гардида, ба фаношавии миллату давлатҳо оварда мерасонад. Мафкураи ҷавонон ҳамеша зери нишон қарор мегирад ва холигаҳи афкор мақсаду ҳадафи нопоки сиёсатҳои таҳмилиро хеле осон амалӣ гардонида метавонад. Яъне, ҷавонон дар баробари қишри созанда будан, ҳамзамон, қишри осебпазир низ боқӣ мемонанд, ки ин тамоюл хоси тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Роҳбари давлатамон ин нуқтаҳои ҳассосро ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба ба таври амиқ дарк менамоянд ва ҳамин аст, ки доим аз “ҳушёрии сиёсӣ” ва “зиракии сиёсӣ”-и ҷавонон таъкид менамоянд. Бошад, ки имрӯз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ҷавонони ватандӯсти мо сармашқи кору зиндагии худ интихоб намоянд ва бо ин роҳ ояндаи дурахшону умедбахши худро созанд.

АБДУЛМУМИНЗОДА Насимҷон Абдулмумин – номзадиилмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ,

ШОЙМАРДОНОВ Ҳабибулло Қурбоналиевич – номзадиилмҳои иқтисодӣ, дотсент, мушовири академӣ (эдвайзер) – оид ба таълими факултети мазкур дар шакли таҳсили фосилавӣ