ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

261

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 6 ноябр дар доираи иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср оғози ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо дар доираи беҳтар гардонидани вазъи экологии курраи Замин ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии аҳолиҳои кишварҳо хоҳад гашт ва бешак аз лиҳози ҷанбаҳои иктисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ таъсири нек хоҳад дошт. Тавре ки аз суханронии Пешвои миллат бармеояд масоили марбут ба вазъи экологӣ, аз ҷумла гармшавии ҳаво, об шудани пиряхҳо ва бад-ин васила кам гардидани оби нӯшокӣ дар ҷаҳони имрӯза яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад, ки ҳалли масъалаҳои ба он вобаста муносибатҳои ҷиддиро талаб мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун тарафи ибтикорсозандаи ин ҳамоиш, аз бархӯрд бо таъсироти ин қабил мушкилот орӣ намонда аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар ин ҳамоиш қайд намуданд: «Захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Мо инро дар Тоҷикистон, ки зиёда 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад, баръало мушоҳида менамоем. Бар асари гармшавии иқлим суръати обшавии пиряхҳои мо сол ба сол баланд шуда истодааст. То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафтааст. Селу обхезиҳо, хушксолиҳо ва дигар офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола дар кишвар хисороти зиёди иқтисодию иҷтимоиро ба бор оварда, дар аксари мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ мегарданд. Ҷанбаи муҳимми тасмимҳои моро дар ҷодаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист ташкил медиҳад.

Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Мо ният дорем, ки дар оянда иқтидорҳои худро оид ба тавлиди “неруи сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда дучанд афзоиш диҳем. Дар баробари ин, кишвари мо тавассути паст кардани хатару таҳдидҳои офатҳои табиӣ ва мудирияти устувори захираҳои об, ки дар расидан ба ҳадафҳои марбут ба иқлим нақши калидӣ доранд, саҳми муносиб мегузорад».

Албатта масоиле, ки дар доираи ин ҳамоиш мавриди назар қарор гирифта аст, бештар ба ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилоти имрӯзаи вазъи экологию иқлимии кишварҳо бахшида шудаанд. Солҳои охир муҳақиқон дар доираи тағйирёбиҳои иқлим маводҳои сершумореро нашр кардаанд, ки дар бештари онҳо тағйирёбиҳо дар қисмати Осиёро фаро гирифта, шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар ин мавзеъ шиддати об шудани пиряхҳо вусъат гирифта аст.

Масалан тибқи ҳисоботи Ҳринпис баъд аз соли 2018 танҳо дар Чин суръати обшавии пиряхҳои бузург ду маротиба афзоиш ёфта аст. Хамчунин дар ҳисоботи моҳи апрелии соли 2022-и Созмони Миллали Мутаҳҳид дар бораи ба қайд гирифтани тамоюлҳои афзоиши ҳарорати ҳаво дар қитъаи Осиё баръало дарҷ гардида аст. Тибқи таҳлилҳо, гармшавии ҳаво ва об шудани пиряхҳо ҳамҷавор бо як қатор офатҳои табиӣ аз қабили обхезӣ, селбиёӣ мебошад, ки ба расонидани хисорот ва талафот ба молу коло ва заминҳои кишти аҳолӣ дар як масир мебошанд.

Абдулмуинзода Насимҷон – н.и.и., дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодии рақамии ДМТ

Хофизов Ҳофиз – н.и.и., дотсент, муовини декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодии рақамии ДМТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ