ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ОИДИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶТ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030»

75

Имрӯз санаи 04.02.2025 дар Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши бандҳои “Нақшачорабинӣ оид ба нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024”, “Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамоҳангсозони барномаҳои зикргардида аз шумори:

Абдулмуминзода Н.А. -декани факултет; Ҳофиззода Ҳ.А. -муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет; Соҳибов Ғ.О. -мудири кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ; Алимардонзода Т.А. -дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ;

Табарзода О.С. – дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ баромад намуда, оид ба мафҳумҳои асосӣ, мундариҷаву муҳтаво, муносибатҳои одамон, пайгирӣ ва омодагӣ нисбат ба иҷроиши бандҳои барномаҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба ин барномаҳо маълумотҳои зарурӣ ва мубрамро матраҳ намуданд.