АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ҲИФЗИ ТАМОМИЯТИ АРЗИИ КИШВАР

53

Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои расидан ба ормони ҳазорсолаи мардум, яъне истиқлолу озодӣ бар асари фитнаву дасисаи хоинону бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ба зарбаи даҳшатбор ва бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар чунин давраи ниҳоят ҳассосу пурошӯб ва тақдирсози таърихи миллат, яъне дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон фарзандони содиқи Ватан – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати барҷаста анҷом доданд ва садоқати худро ба миллат ва давлат ба исбот расониданд.

Дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияту осоиш ба шарофати матонату ҷасорат ва фидокориву ҷонбозиҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шуд.

Мо аз хизмати ватандӯстонаи низомиёни кишвар ва далериву ҷасорати онҳо ба хотири иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи суботу оромӣ, амнияти ҷомеаву давлат, ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунем ва номи неки ҷавонмардонеро, ки ҷони худро дар ин роҳ фидо кардаанд, ҳамеша гиромӣ медорем.

Мардуми кишвар дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳимоятгарони оромӣ, субот, амният, манфиатҳои милливу давлатӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакатро мебинанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва бо дарназардошти вазъи мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии мамлакат амалӣ карда истодааст.

Вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ ва радикалӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва илова бар ин, мусаллаҳшавии бошитоб ва шиддат гирифтани «ҷанги сард» имрӯзҳо сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.Ҳар яки мо бояд Ватанро баробари ҷони худ, мисли модар ва фарзандони худ дӯст дорем, онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз кунем. Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки аз мухолифату нооромӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хисороти бузурги ҷониву моддӣ дидааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ дар тамоми ҷаҳон, зиндагии бидуни ҷанг ва танҳо бо роҳи маслиҳатомез ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъ мебошад ва ин мавқеи худро борҳо эълон кардааст.

Пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар сурати таъмин будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имкон дошта метавонад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба савганди ҳарбӣ, ба давлат, миллат ва Ватани худ минбаъд низ содиқ монда, вазифаҳои бадӯшдошта ва рисолати муқаддаси хеш, яъне ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, ҳифзи марзу буми давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва зиндагии орому осудаи халқи азизи кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Абдулмуминзода Насимҷон – н.и.и., дотсент,декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ.

Маҷидов Абдумаҷид – н.и.и., дотсент, муовини декни факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ оид ба корҳои тарбиявӣ