Ҳеҷ як давлату миллат бе лашкари тавонову шуҷоъ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон лашкарҳои худро таъсис медоданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари тавоно буданд. Сарчашмаҳо исбот месозанд, ки Искандари Мақдунӣ лашкари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари аҷдодони дури мо Куруши Кабир ва Дорои 1 таъсис додааст. Давлати Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон доданд.
Лашкари давлати Сомониён дар пояи низому тартиботи қавӣ, одобу ахлоқи баланд ва оинҳои волои ҷавонмардӣ шоиставу сазовори шоҳи хирадманду адолатпешаи худ буд.
Номи Исмоили Сомонӣ дар саҳифаи таърих чун шоҳи одилу хирадманд ва лашкаркаши тавонову соҳибтадбир бо ҳуруфи зарин ҷовидонӣ шудааст. Корнамоиҳои ҷангии ӯ дар ҳама давру замонҳо бо далериву шуҷоат, ҷавонмардию ҷасорат, ҳақиқатпарастию хайрхоҳӣ, адолату раъиятпарварӣ ва ба ин монанд ахлоқу фазилатҳои ҳамида намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад. Аз ин рӯ, Исмоили Сомонӣ барои Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу ор, худшиносиву эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳувияту ҳама суннатҳо ва муқаддасоти миллати тоҷик буд. Номҳои бисёр гурдони ҷасуру диловар, ки марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзаминии бостонии моро аз таҳоҷуму таҷовузи аҷнабиён дифоъу ҳифз карданд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати кӯҳанбунёди мо мебошанд. Дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ вожаи «гурд» ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ибораҳои «гурдони сафшикан», «гурдони шерафкан», «гурдони номовар», «гурди пилтан», «гурди шерҷигар» ва амсоли ин шерозаву ҳусни баёни шоирони классики мо гардидааст, ки дар ҷангномаҳои хеш аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан ва шоҳону саркардагони кишвару лашкари он қисса кардаанд. Аз ҷумла Фирдвсии Бузургвор фармудааст:
Ҳаме зӯри гурдӣ ба ҷой оваред,
Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред.
Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву беғаразона, бошарафонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд. Шояд мафҳуми форсии «гурд» баъдан дар Аврупо дар забони итолиёӣ ба пайдо шудани вожаи «гвардия» асосу сабаб гардида бошад.
Дар ибтидо мафҳуми «гвардия» муҳофизону посбонони шахсии сарвари давлат ва роҳбарияти олирутбаи ҳарбии онро ифода менамуд. Баъдан қисму воҳидҳои беҳтарину яккачин ва дорои имтиёзҳои хосса бударо «гвардия» номгузорӣ мекарданд.
Мафҳуми гвардия дар Италия аз асри XII пайдо гардид. Дар Русия асосгузори аввалин гвардия Пётри 1 буд. Аввалин гвардияи миллӣ соли 1789 дар оғози инқилоби бузурги Фаронса аз ҳисоби ихтиёрони мусаллаҳи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Кумитаи гвардияи миллӣ то соли 1871, яъне то эълони Коммунаи Париж ба шӯриши мусаллаҳона роҳбарӣ мекард. Дар баъзе мамлакатҳо нерӯҳои низомии имтиёздори полисро низ гвардия меноманд. Баъдан дар Русия болшевикон дар нахустин рӯзҳои инқилоби февралии буржуазӣ-демократӣ аз ҳисоби отрядҳои мусаллаҳи коргарон Гвардияи Сурх таъсис дода буданд, ки он соли 1918 ба ташкилёбии армияи сурхи давлати ҷавони шӯроҳо асос гузошт. Мафҳуми гвардия дар собиқ Артиши шӯравӣ унвони фахрие гардид, ки қисму воҳидҳо ва киштиҳои ҳарбии дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишон дода, ба он мушарраф мегаштанд.
Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд. . Бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қувваҳои Муссалаҳи ҷумҳурӣ дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳасоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт устувор гашт. Пас аз ташкилёбии Артиши миллӣ сохторҳои дигари низомии кишвар мураттаб гардиданд. Хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи ин вазифаи душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада, то имрӯз ба Ватан софдилона хизмат карда истодаанд. Бояд гуфт, ки артиш таъминкунандаи амнияту суботи ҷомеа буда, оромию осоиштагии мардум аз устувории он вобастагӣ дорад. Артиши миллӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолият, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Расулзода Додулло Тоҷиддин, устоди факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ