ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ВА НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАКМИЛИ НИЗОМИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО ДАР ШАРОИТИ ГУЗАРИШ БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ”

8

Санаи 28.10.2025 дар Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ, дар заминаи кафедраи “Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт” дар якҷоягӣ бо “Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назаривӣ таҳти унвони “Такмили низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ” баргузор гардид, ки дар раванди он м.к. кафедраи СИИ, муовини Раиси Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло баромад намуд.