ДАСТОВАРДҲОИ ВАҲДАТ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАҲОИ НАВ ДАР ВМКБ

2

Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тули асрҳо пуштибонӣ намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Тавре ҳамагон шоҳидем, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки кишварамонро дар ҳолати ногувор қарор дода, иқтисодиёти онро хароб кард. Чӣ хеле ки аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонд. Аз ҷониби дигар, гусасташавии риштаҳои ҳамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ дар ин давра ба ҳадди ниҳоии худ расид. Сатҳи камбизоатӣ ба 80% расид, ки дар маҷмуъ чунин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллӣ ба миён овард.

Ҳама барору комёбиҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоли мо аз сарчашмаи таърихӣ ва воқеӣ – Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он бунёди давлати навини тоҷикон санги асос гузоштааст, об мехурад, решааш ҳамешасабзу дарахташ ҳамешабарност.

Тоҷикон бахтиёр, зафарёр ва иродатманду саодатманд буданду ҳастанд ва инчунин хоҳанд монд. Ба бахту нусрати миллати тоҷик аст, ки Сарварии ин давлати бунёнгузор, фатҳовар ва зафармандро инсони худшиносу худогоҳ, миллатдусту ватанпарвар – фарзанди фарзонаву асили тоҷик бар уҳда доранд, ки Пешвои арзанда ва маҳбуби миллатанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму ғайрат ва фидокориҳояшон ба хонадони ҳар як тоҷик, давлати Тоҷикистон сулҳу бахт оварданд, нуру зиё ва фаровониву нерумандӣ бахшиданд. Президенти мамлакат бо дарки масъулияти волои ватандорӣ ва маърифати баланди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ба худ хос, арзанда, писандидаву хиради оқилонааш Тоҷикистонро муқтадир, шукуфо, зебомазмун ва ташаббускор ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд, хуб шиносониданд, мавқеи хоса пайдо намуданд. Ин бахт ва шарафи миллати ҷаҳонтоби тоҷик мебошад.

Чист ваҳдат? Эътибори миллат аст,

Зӯри бозуи замон дар ваҳдат аст.

Ваҳдат аст – ин қудрати ҳар давлате,

Ваҳдат – ин сармояи ҳар давлат аст.

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст, чунки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, то вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боз доранд ва иқтисодиёти кишварро аз вазъи номусоид берун оранд. Бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Сарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва хиради бузури сиёсии ӯ Тоҷикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати на чандон тулонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт…Тавре аз таҳлили олимони иқтисоддон бармеояд, бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол оварда шуда, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шуруъ аз соли 2000-ум марҳилаи сифатан нави иқтисодиёти мамлакат оғоз шуда, иқтисодиёти кишвар рӯ ба пешрафт овард.

Бомаврид аст, ки чанде аз рақамҳои илман асоснокшударо мисол орем. Яке аз ҳадафи асосие, ки Пешвои миллат баъди барқарор намудани сулҳу субот дар назди худ гузоштанд, масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва ба ин восита таъмин намудани шуғли аҳолӣ буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат як қатор қарорҳоро қабул намуданд, ки бобати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ замина гузоштанд. Масалан, агар дар соли 1991 сатҳи камбизоатӣ 80%-ро ташкил медод, пас дар соли 2019 ба 27,5% коҳиш дода шуд.

Пӯшида нест, ки таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо ҷойи кори доимӣ яке аз вазифаи мураккаб дар назди давлат мебошад. Таҷриба нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт натиҷаи хуб дошта, ба ҳар як шаҳрванд имконияти кор ва фаъолият фароҳам оварда шуд.

Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсоли он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми босазо мегузорад. Бо дарки амиқи муҳимияти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва бо талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, дар солҳои охир дар кишвар даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ бо истифода аз сармояи дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ва ба фаъолият шурӯъ карданд. Яке аз намунаҳои равшани ин пешрафт, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки он на танҳо дастоварде арзишманд дар самти саноатикунонии кишвар, балки туҳфаи беназир ба мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Ин раванд бозгӯи иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини Ватан мебошад.

Султонбии Раҳматзода – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти ДМТ