Таърихи башар аз оғози пайдоиши инсоният барҳақ беҳтарин сабақомӯз буда, дар тули ҳастӣ одамият пастию баландиҳо ва тараққию таназзули зиёдеро дидааст. Ва низ борҳо шоҳиди он ҳам будааст, ки ҳангоми рӯй додани ягон ҳодиса ва рӯйдоде, ки ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии қавму миллате марбут шуда, боиси сиёҳ гардидани рӯзгори мардум мегардиданд, шахсиятҳое зуҳур намуда, ба сафи пеш мебароянд, ки бо донишу малака, ҷаҳонбинӣ, далерию шуҷоат, мардонагӣ, хайрхоҳӣ, миллатдӯстӣ ва башардӯстиашон ба вазъи печида аз дигарон зудтару беҳтар воқиф мешаванд ва тамоми мушкилотро ба нафъи мардуми хеш ҳаллу фасл намуда, дар байни хосу ом машҳур ва воқеан ояндасозу роҳнамои миллату давлати хеш ва шахсиятҳои намоёни давлативу ҷамъиятӣ мегарданд. Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон низ аз чунин шахсиятҳои таърихи башарият аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ӯ марбут аст. Пас, агар роҳи то ба ин рӯзҳо паймудаи Пешвои миллатро бо чашми хирад бингарем, он ҳама амалҳое неку созандае, ки ӯро то ба ин мартабаю маъруфият расонидаанд, равшан хоҳанд шуд.
Садоқат ба сарзамину миллати худ ва ҷидду ҷаҳд баҳри расидан ба сулҳу осудагӣ ва амалӣ шудани ормонҳои мардум. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидан аввалин суханонеро, ки ба забон овард, маҳз баҳри сулҳу оромӣ, баргардонидани гурезаҳо ва тинҷию осудагии мардум гуфта шуда буданд, ки то он айём чунин суханонро ҳеҷ касе ба забони наоварда буд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам», «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медоданд, ки сарварии давлату миллатро шахсе ба зимма гирифтааст, ки воқеан ҳам ғамхори ин миллати азиятдида аст ва бо саъю талошҳои ӯ ба зудӣ ин ҳама ҷангу хунрезӣ ва бадбахтиҳо хотима хоҳанд ёфт.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат зиёда аз як миллион мардуми фирорӣ аз хориҷи кишвар, асосан аз Афғонистон ба Ватан баргардонида шуданд, ки ин дар таърихи башарият таҷрибаи беназир аст. Ва ба идомаи ин амалҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имконоти дар ихтиёрдошта ва ҷалби мададрасонҳои хориҷӣ манзилу роҳҳои харобшударо дар муддати кӯтоҳ тармиму навсозӣ намуданд, ки ҳозир симои он мавзеъҳои як замон ҷангу дуд ба сурати шинохтанашаанда аз пештара дида ободу зеботар гардидааст.
Бо роҳи осоишта ва музокироту гузаштҳо ҳал кардани муноқишаи байни ҷонибҳои даргир. Аз оғози пайдоиши башарият ин амал ҳамеша роиҷ буда, ки ҳангоми сар задани ягон низоъ ва ё ҷанге он аслан ҳамон вақте хотима меёбад, ки як ҷониб ҷониби дигарро мағлуб созад ва ё маҷбур намояд, ки таслим шавад ё гузашт кунад. Дар чунин ҳолат мусаллам аст, ки тарафи мағлуб аз тамоми салоҳияту ваколатҳо маҳрум мешавад ва ҳеҷ умеде ба ҳокимият низ нахоҳад дошт. Роҳи дуюми расидан ба сулҳу оштӣ ҳамон вақте самар меорад, ки ҷонибҳои даргир дар миёни худ роҳбарон ва ё шахсиятҳои бофаҳму ҳуш ва ғамхори давлату миллат ва далеру ҷасур дошта бошанду дар роҳи расидан ба сулҳу оштӣ аз худ намунаи олӣ нишон бидиҳанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷанги шаҳрвандии миёни тоҷикон роҳи дуюм, яъне роҳи гуфтушуниду мусолиҳаро интихоб кард ва дар расидан ба сулҳу оштӣ аз худ намунаи барҷаста ва нодир нишон дод.
Яке аз амалҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи ҷовидонӣ дар таърихи миллати тоҷик, ин сулҳи амири Бухоро Исмоили Сомонӣ бо бародари бузургаш Наср ибни Аҳмад барои доғдор накардани насаби пуршарафи Сомонӣ ва ба хотири пойдор нигоҳ доштани давлати Сомониён аст ва андаке пештар аз ду даҳсола айнан ҳамин амали нек аз ҷониби шахсияти наҷиби миллат Эмомалӣ Раҳмон такрор шуд ва амалӣ гардид. Яъне, шахсиятҳои саршиносе ҳам дар таърихи башар будаанд, ки гуноҳи хурду бузурги тарафи муқобилро бахшида, баҳри расидан ба сулҳу оштӣ гузаштҳо кардаанд. Пешвои миллат ба хотири расидан ба сулҳе, ки ба миллати тоҷик чун обу ҳаво зарур буд ва мардум шабу рӯз дар орзуяш буданд, аз худ намуна нишон дода, ин кори хайру муҳимро то ба нуқтаи ниҳоӣ расонид ва барои мардуми сарзамини куҳанбунёдаш хидмати гаронарзиштарин намуд…
Пешвои миллат ба таъриху фарҳанг ва адабу гузаштаи пуршарафи миллати худ сидқан эҳтиром мегузорад, ки ин намунаи олии абармарди асили миллати хеш будани ӯро нишон медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори бевоситаи гиромидошт ва таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, аз қабили 1100 – солагии давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Собит эълон шудани соли 2009, 1150-солагии Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, эълон гардидани рӯзҳои Фалак ва Шашмақом, иди байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз, бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтани идҳои миллии Сада ва Меҳргон ва ғ. мебошад, ки бо ин амалҳои нек ҷашнҳои мазкур аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он ҷашн гирифта мешаванд.
Пешвои миллат ба ин ҳама муваффақияту пешравиҳо бо ба кор бурдани тамоми хислатҳои неки миллати тоҷик, аз қабили меҳнатдӯстӣ, қавииродагӣ, дилсӯзӣ, ботамкинӣ, мардумписандӣ, инсондӯстӣ, дилкушодӣ, дасткушодӣ, хайрхоҳӣ, бошарафӣ, бахшандагӣ, некпиндорӣ, некрафторӣ, бунёдкорӣ, кумак ва дастгирии ятиму муҳтоҷон ва барҷомондагон ноил гардидааст. Натиҷаи ҳамин заҳматҳои хастанопазири Пешвои миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ба амну оромтарин ва босуботтарин кишвари минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, бо қадамҳои боз ҳам устувортар ва боварибахштар ва бо азму иродаи матин ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳ мепаймояд. Зеро миллат Пешвое дорад, ки ҳамеша бо ӯст ва ӯ кафили сулҳу оромӣ ва осудагии мардуми кишвар аст ва аз ин хотир бо ифтихору сарфарозӣ аз ин ҳама пешравию муваффақиятҳо навиштаҳои болоиро бо ин суханон метавон ҷамъбаст намуд, ки он миллате хушбахту муваффақаст, ки чунин фарзандони содиқу бовафо ва родмардони тавоно дорад.
Расулзода Додулло Тоҷиддин – н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон