ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ – КАФИЛИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

26

Бо гузашти 32 сол 16-уми ноябр бо дарназардошти мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти хеш аз ҷониби коршиносон ҳамчун саҳифаи тақдирсози миллату давлати тоҷикон номида мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки воқеан Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ бо истиқлоли воқеии миллӣ пайвасти ногусастанӣ дорад. Дар иҷлосия масъалаҳое мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифт, ки дар ҳифзи истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзии мамлакат нақши калидӣ ва меҳварӣ доштанд. Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва таҳдиди хатарҳои дохиливу хориҷӣ яке аз масъалаҳои меҳварии иҷлосия интихоби раиси Шурои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳалли ин масъала дар чунин вазъ осон набуд. Мақомоти салоҳиятдори давлатӣ аксаран фалаҷ гардида, аз ӯҳдаи амалӣ кардани вазифаҳои хеш баромада наметавонистанд.

Дар иҷлосия муъҷиза воқеъ шуд. Дар воқеъ, иҷлосия дар роҳи наҷоти миллату давлати тоҷикон заминаи устувор гузошт. Истиқлоли воқеии миллат ва давлат низ аз ҳамин санаи таърихӣ ранг гирифт. Дар рӯзи чоруми иҷлосия ҳайати Шурои Олӣ ба ҳайси раис муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Муҳимтарин сухане, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоб шуданаш ба ҳайси раиси Шурои Олӣ дар назди вакилон ва мардуми Тоҷикистон ироа карданд, ин буд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам!”. Воқеан ин нидое буд, ки дар дили тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон умедро ба хотири фардои дурахшони Ватан ва зиндагии шоиста барафрӯхт.

Таҷрибаи таърихи давлатдории миллӣ ва дастовардҳои миллат нишон медиҳад, ки дар чунин марҳалаи мураккабу сарнавиштсоз ва ғамангез барои ҷомеа Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотбахши миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид гардид. Таҷрибаи давлатдории миллӣ собит намуд, ки мардум дар симои намояндагони худ дар Мақоми Олии Қонунгузори мамлакат ягона қадами дуруст гузошт ва сарнавишти миллат ва давлатдории тоҷиконро ба дасти ҷавони ҷасур, баномус, ватандӯст ва хирадманду дурандеш Эмомалӣ Раҳмон супорид. Аз ибтидои қадамҳои устувори ин фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва таҳкими суботи сиёсӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии мардуми ин Ватан дар дасти қавии инсони нексиришту матин супорида шудааст.

Дар ин роҳи мураккабу пурпечутоби марҳалаи аввали давлатдорӣ, хидмати бузургу таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуд. Бо ин хидмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тиллоии таърихи миллат метавон Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли воқеӣ ва миллии Тоҷикистон номид. Эмомалӣ Раҳмон ба таври хеле хуб дарк карда буд, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёди давлати навини миллиро гузоштааст. Ӯ замоне зимоми сиёсати давлатиро ба душ гирифт, ки давлат танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд дошту дар амал бошад ҳеҷ аркони ташаккулёфтаи идорӣ қариб мавҷуд набуд. Давлати соҳибистиқлол рукнҳои муҳиме ба монандӣ Конститутсия, рамзҳои давлатӣ, артиши миллӣ ва мақомоти мутамаркази ҳифзи ҳуқуқ надошт. Давлат аз лиҳози сиёсӣ пароканда буда, қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳҳои сепратистиро пеш гирифта, ҳатто баъзеашон ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро пеш гирифта буданд.

Хатари ба тамомияти арзии кишвар таҳдидкунандаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта, дар раванди иҷлосия қарорҳое қабул намуданд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва истиқлоли комили давлатӣ аҳаммияти муҳим доштанд.

Вазъи мушкил на танҳо дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот ва бунёди давлатдорӣ дар заминаи холӣ, нарасидани маблағ, маводи ғизоӣ мушоҳида мешуд, балки дар кишвари ҷангзада, ки сарчашмаи асосии муноқишаҳо аслан аз парешонии ақидавӣ рӯй дода буд, ҷанги иттилоотӣ самти дигари шадиде буд, ки аз он ҷо ба таври пинҳону ошкоро ба ҷониби ҳукумати қонунӣ ҳамлаҳои нав сурат мегирифтанд. Душманони хориҷӣ аз низоъҳои дохилӣ истифода карда, вазъи ба амаломадаро боз ҳам шадидтар месохтанд. Дар чунин марҳила ҳеҷ як аз ашхоси маъмули ҳизбиву давлатии он замон ҷасорат пайдо накарда буданд, ки бори гарони масъулияти сарварии давлатро ба душ бигиранд. Ҳамчунин, аксари шахсони таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худорӣ карда, аз ҷони худ ҳаросиданд. Ин раванди бисёр ҳасос бори дигар нишон медиҳад, ки аксар аз сиёсатмадорони вақт мавқеи интизориро ихтиёр намуда буданд.

Хушбахтона ин ҳама ноумедиҳо бар бод рафту кору пайкори дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон умеди мардумро ба ояндаи босаодати давлатдорӣ ва зиндагии шоиста даҳчанд намуд.

Абдулмуминзода Н. –декани факултаи баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ