Дар шароити ҷаҳони муосир рушди устувори кишварҳо бештар ба воситаи технологияи рақамӣ, инноватсияҳо ва иқтисодиёти сабз таъмин мешавад. Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дар ҳоли рушд дар ин самтҳо қадамҳои муҳим гузошта истодааст.
Пешравии иқтисоди миллӣ бештар аз вусъатёбии барқароркунии истеҳсолот, ба кор даровардани корхонаҳои хурду калони соҳаҳои гуногун, таҷдиди илм дар истеҳсолот, навкунии таҷҳизот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ташкили илмии меҳнат вобастагӣ дорад.
Қайд намудан бо маврид аст, ки Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, ки ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегардад, аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои роҳнамо барои рушди давлатдории миллӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар онҳо дурнамои рушди иқтисоди миллӣ, дастовардҳои асосӣ, мушкилот ва нақшаҳои стратегии ҳукумат дар соҳаҳои мухталиф, ба таври мушаххас инъикос меёбанд.
Барқароркунии истеҳсолот ва ба кор андохтани корхонаҳои хурду калон бо воситаи технологияҳои нав ва иқтисодиёти сабз метавонад Тоҷикистонро дар масири иқтисодиёти муосир ва устувор қарор диҳад.
Иқтисодиёти сабз ба рушди иқтисодие ишора мекунад, ки бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва коҳиши таъсири манфии муҳити зист таъмин мегардад. Ин бо истифодаи технологияҳои нави инноватсионӣ имкониятҳои зиёдро барои рушди устувори кишвар фароҳам меорад.
Имрӯзҳо масъалаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва иқтисодиёти сабз дар ҷаҳон ва махсусан дар кишварҳои рушдёбанда ба таври васеъ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Чун иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва иқтисодиёти сабз ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ҷиҳати таъмини рушди самараноки истеҳсолот, кам намудани хароҷот ва фарох намудани бозорҳо, тавлиди технологияҳои нав ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт, рушди маҳсулоти инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист, кам кардани партовҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, бодӣ ва ғ.) ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии кишвар, вобаста ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ, иқтисодиёти сабз ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бобати рушди устувори иқтисодӣ ва ба як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта табдил додани мамлакат дар рафти Паёми солонаи худ солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.
Инноватсия — муҳаррики асосии пешрафти иқтисодӣ мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи рушди иқтисоди сабз дар мамлакат: коҳишёбии партовҳои зараровар ба атмосфера, об ва хок, кам кардани истифодаи захираҳои табиии ғайрибарқароршаванда (нафт, газ), истифодаи васеи энергияи барқароршаванда (офтобӣ, бодӣ ва обӣ), такмили коркарди партовҳо, кам шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво, таъмини маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, хизматрасониҳои устувор (нақлиёти сабз) ва ғ. амалӣ гардида, барои ҷалби сармоягузориҳои сабзи хориҷӣ ва рушди устворӣ иқтисодӣ замина мегузорад.
Дар охир, метавон зикр намуд, ки рушди иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва рушди иқтисодиёти сабз метавонад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаҳои назарраси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ расонад. Дар шароити муосир, ин се самт ба ҳамдигар вобастагии зич дошта, ҳамчун механизмҳои калидӣ барои рушди устувори кишвар хизмат мекунанд.
Албатта, иқтисоди рақамӣ имконият медиҳад, ки технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ барои афзоиши маҳсулнокӣ ва хизматрасонии рақамӣ истифода шаванд.
Инноватсия ба корхонаҳои маҳаллӣ кӯмак мекунад, ки маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол ва хизматҳои муосир анҷом диҳанд.
Иқтисоди сабз бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба лоиҳаҳои экологӣ ва устувор ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, рушди иқтисодиёти рақамӣ, инноватсия ва иқтисодиёти сабз метавонанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як кишвари ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ табдил диҳанд.
Зикиров Даврон,донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДМТ