КОНСТИТУТСИЯ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

9

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа, махсусан соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд овард. Зимнан санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ механизми асосии батанзимдарории фаъолияти соҳаҳо ба ҳисоб рафта, таҳия ва амалӣ намудани онҳо аз Конститутсия сарчашма мегирад. Дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.

Воқеан ҳам, роҳи рушду тараққиёти ҳар давлату миллатро Конститутсияи он, ки халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст, муқаррар мекунад. Маҳз ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат аз Конститутсия сарчашма гирифта, он ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Имрӯз инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистони ба шарофати шуҷоати сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофари тоҷикон ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлоли давлати моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.

Қобили зикр, аст, ки сохти давлатдории имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли мо, амнияту осоиштагии ин сарзамин, муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои гуногуни дунё ва сатҳи некуаҳволии аҳолӣ маҳз тавассути Конститутсияи сарнавиштсози мо танзим карда шудааст. Вақте аз мазмуну моҳияти Конститутсия аз наздик ошно мешавем, месазад, ки бори дигар ба ақлу заковати ояндабинона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат таҳсинҳо бигӯем. Зеро ин қонуни асосии мамлакат санади олии ҳуқуқие аст, ки зиндагии шоистаи мардум ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

Воқеан дар ҷомеаи мутамаддин, ки таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд, чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмиллалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шарвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои дирузӯ имрӯзу фардои миллати мо. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз намуд ва мебарад ба сӯи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.

Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлол ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари хирадманди давлат Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст.

Имрӯз, мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки Конститутсия омили асосии рушди устувори ҷомеаи навини Тоҷикистон мебошад, яъне дар заминаи ҳамин санади сарнавиштсоз ва фарогир мардуми шарифи тоҷик ба сулҳу субот ва ваҳдати комил ноил гардидаанд.

Вобаста ба ин, бояд тазаккур дод, ки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мо ҳифзи ин дастоварди бебаҳои таърихт буда, бояд бо заҳмати содиқонаву софдилона ояндаи дурахшони ватанамонро таъмин намоем.

Маҳз натиҷаи ҳамин дастовардҳои Конститутсия аст, ки имрӯз дар кишвари биҳиштосои мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор аст ва мардуми бошарафи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ саъю талош менамоянд.

Ҳабибулло Қурбонализода, мушовири академии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ