Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Эмомалӣ Раҳмон!
Конститутсия шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар Конститутсия асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Конститутсия ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки бахтномаи кишвари мо 31 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 ба таври демократӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Ин рӯйдод барои тақвияти пояҳои давлатдорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро ба танзим медарорад. Дар он ҳуқуқ, озодӣ, вазифа ва масъулиятҳои ҳар як шаҳрванди кишвар муайян гардидааст.
Ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ роҳнамои давлатдории тоҷикон буда, заминаи мустаҳками рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро фароҳам меорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурузон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои олӣ, аз қабили озодӣ, адолат, баробарӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқи инсон ҷой дода шудаанд. Он тамоми шаҳрвандонро новобаста аз миллат, дин, забон ё дидгоҳи сиёсӣ баробар мешуморад. Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад озодона зиндагӣ кунад, кор кунад, таҳсил намояд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар иштирок дошта бошад. Ҳамчунин ин санади муқаддас, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми шарафманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯйи бунёди ҷомеи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад.
Дар Конститутсия барҳақ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат муҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд. Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии соҳаҳои иҷтимоиёт, ба хусус низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро муайян намуда, рушди устувори онро кафолат медиҳад.
Воқеан, натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад, халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.
Қайд намудан лозим аст, ки амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ, инчунин, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд ба сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум вобастагӣ дорад. Имрӯз мо ифтихор дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошем ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунем.
Дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Алимардонзода Т.А.
Дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Бобоева Р.М.








