Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июли соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
Маҳз тавассути Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, урфу одатҳои миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он ҳаёти осоиштаи он, нақши халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, ҳифзи моликияти миллат, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунии шиносоӣ пайдо намуд. Ба ақидаи мо Конститутсия шиносномаи давлат, бахтномаи миллат аст. Тоҷикистон узви Созмони Миллали Муттаҳид гардид. Аз ҷониби 192 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф шуда, бо зиёда аз 183 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуд. Бо зиёда аз 100 давлат муносибатҳои савдову тиҷоратӣ амалӣ намуда, дар 57 созмони минтақавию байналмиллалӣ узвият дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба масъалаи принсипиалӣ ва фундаменталии давлат- хусусияти давлати Тоҷикистон нуқта гузошт.
Бевосита қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун бузургтарин зуҳуроти сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид. Мундариҷа, мазмун ва муҳтавои санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-сентябри соли 1991, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-сентяби соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра дар Конститутсия дарҷ гардидаанд.
Дар асоси ин ҳуҷҷат – Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат заминаҳои асосии ҳуқуқии фаъолияти сиёсии давлат ва мақомоти давлатӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ гузошта шуда, онҳо тавассути Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, зиёда аз 370 қонунӣ соҳавӣ аз ҷумла 17 қонуни авф (бо назардошти қонун аз 6 сентябри соли 2021), 1 қонуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ, 29 қонуни буҷет, зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат танзим мешаванд.
Зиёда аз 834 санади ҳуқуқии байналмиллалӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-феврали соли 2018 «Косепсия дар бораи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» қабул гардид, ки он аз 7 боб ва 80 банд иборат мебошад.
Конститутсия эълон намуд, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуққии ҳамаи шаклҳои моликият аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Конститутсия эълон намудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад (моддаи 9). Дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи мазмуни давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба рушд ва таҳлили минбаъдаи сиёсати иҷтимоии давлат мусоидат менамояд.
Ба ҳамин тартиб имрӯзҳо, ки мо дар арафаи ҷашни қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳарвақта дида ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон-Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронаашонро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътроф намоем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтар аз ҳама роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат чун бахтнамои сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯи ояндаи некӯдурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки арҷгузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ, ҳисси ватандустию ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Н.и.и., дотсент, мудири кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҳирзода Р.С.








