НАҚШИ ҶОМЕА ДАР ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ

29

(Дар ҳошияи Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм, терроризм ва татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид”, 24.04.2025, шаҳри Душанбе)

Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намудам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити кунунии ҷаҳони пуртазоду пурихтилоф, ки ҳар лаҳза хатарҳои нави геополитикӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ зоҳир мешаванд, масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм аҳамияти беандоза муҳим пайдо кардааст. Ҷомеаи мо, ки дар масири рушди босуръати иҷтимоию иқтисодӣ қарор дорад, ниёз ба сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бештар аз ҳар вақти дигар дорад.

Мутаассифона, афзоиши зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа ва ҷаҳон таҳдиде воқеӣ барои оромӣ ва амнияти кишвар ба шумор меравад. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта, ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои тундрав ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ ба ин падида домани васеъ бахшидаанд.

Мубориза бо ин хатарҳо танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест — ин рисолати ҳар фарди ватандӯсту худогоҳи ҷомеа мебошад. Ҳамкорӣ ва саъйи дастаҷамъонаи тамоми табақаҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон, барои решакан намудани ин зуҳуроти хатарзо зарур аст.

Ҷавонон, ки қишри фаъоли ҷомеаро ташкил медиҳанд, на танҳо бояд ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб шаванд, балки бояд бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсӣ муҷаҳҳаз бошанд. Ҷавоне, ки ҳам саводи дунявӣ ва ҳам маърифати динии дуруст дорад, ҳаргиз ба доми ифротгароён намеафтад.

Бадбахтона, гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд, ки аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода карда, онҳоро бо ваъдаҳои пучи дунёвӣ ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашанд. Онҳо на танҳо ҷони худро зери хатар мегузоранд, балки ба амнияти ҷомеа ва муқаддасоти миллии мо — аз ҷумла Ватан, Ислом ва Ваҳдати миллӣ — хиёнат мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ, оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид.”

Дар чунин шароит, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, динии саҳеҳ ва ватандӯстии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи масъулиятшиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирад.

Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм маҳз бо ҳамин ҳадаф роҳандозӣ шудааст — ҳамоҳанг сохтани талошҳои ҷомеа ва давлат барои таъмини амнияти миллӣ ва муқовимати муассир бо хатарҳои замони муосир.

Имрӯз, вақте ки терроризм хусусияти байналмилалӣ касб кардааст ва хатарҳои он ҳар рӯз дигаргун мешаванд, моро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи арзишҳои фарҳангиву таърихии хешро аз даст надиҳем.

Фурсати он расидааст, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, махсусан ҷавонони огоҳу ватандӯст, дар паи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар муқобили ҳар гуна зуҳуроти ифротӣ ва террористӣ бо иродаи қавӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мубориза баранд.

Расулзода Додулло Тоҷиддин,н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон