Имрӯз (28.03.2020) бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорати молиявию хоҷагӣ дар давраи иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илм ва навоварии техникии донишгоҳ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Сипас С. Низомов, д.и.и., мудири кафедраи таҳлили иқтисод ва аудит оид ба...
Имрӯз (19.03.2020) ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар инфтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони чанде аз сохторҳои донишгоҳ аз хони омоданамудаи донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. Сипас ректори донишгоҳ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба...
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.
Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Дар факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Таъминоти баҳисобгирӣ-таҳлилии ҷараёнҳои идоракунӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети мазкур, дотсент М.Калемуллоев ва сардори шуъбаи охбори илмию техникии донишгоҳ Абдуллозода Р. оғоз ёфт.
Ахбор
Тасдиқи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.