ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МИЛЛАТ

15

Парчам ифодагари соҳибихтиёрӣ ва инъикосгари таърих, тамаддун, давлатдорӣ ва орзуву омоли ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Тоҷикон аз аҳди бостон ба парчам ҳамчун рамзи мустақилияти давлатӣ ва озодӣ арҷ мегузошт ва дар ҳама марҳалаҳои таърихӣ парчами хешро дошт. Ҳанӯз дар асрҳои III-II пеш аз милод ниёгони тоҷикон соҳиби рамзи худ буданд, ки онро «меҳроб» ё «фарри ориёӣ» меномиданд ва он рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадиятро дошта ба чаҳор унсур: хок, об, оташ, ҳаво, ки асоси мавҷудияти одамро ташкил медиҳад, ишора менамояд. Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанг ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ ҳанӯз то ҳуҷуми арабҳо ва густариши ислом дар байни аҷдоди мо мавқеи хосро доро буд.


Дар асоси моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, яке дигареро пурра гардонида, нишона аз давлатдории муосири мо мебошанд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлати Тоҷикистон ҳамчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайати давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяншудаи Ҳукумати Ҷмуҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.


Бояд гуфт, ки парчам дар фаъолияти ҳар як давлату миллат нақши хос ва мавқеи худро дорад. Маҳз аз вуҷуди парчами давлатӣ ному нишони ҳар як миллат ҳувайдост. Соли 2009 дар ҷашни 15-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муқаррар намудани рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдор дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Маҷлиси Олӣ мамлакат пешниҳод намуда, қабул гардид.


Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо ранги поёнии сабз баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Ранги сурх – ҳамчун ранги мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол ифода ёфтааст. Ранги сафед – рамзи бахту иқболи сафед ва покизагӣ аст. Ранги сабз – нишонаи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан мебошад. Акси тоҷ дар Парчами давлатӣ – маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории ниёгонро ифода мекунад. Ҳафт ситори акси парчам маънии моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад.


Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тули 33 сол аст, ки дар зери сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи дар сиёсати дохилӣ ва чи дар сиёсати хориҷӣ дар зери парафшонии парчами миллӣ ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидааст. Дар зери ин сиёсати воқеъбинона дар атрофи парчами миллат дар аввал дар кишвар сулҳу субот пойдор гардида, хатарҳои мавҷуда, ки ба ҳастии миллату давлати тоҷикон таҳдид мекард, рафъ карда шуд. Парчам, ки орзуву омоли ҳазорсолаи тоҷиконро инъикос менамояд, ваҳдати миллиро устувор ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақилу ташаббускор муаррифӣ намудаистодааст. Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар пештоқи зиёда аз 70 созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва минтқавӣ парафшон аст, ки муаррифгари ин миллати тамаддунофар мебошад. Парчам яке аз василаҳои асосии муаррифии давлату миллат дар самти сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Парафшонии парчами миллӣ дар бинои созмону ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ аз фаъолияти самараноки Тоҷикистон ҳамчун актори фаъоли сиёсати байналмилаӣ хабар медиҳад. Барои ҳар шаҳрванди бошарафи кишвар парафшонии парчам дар манотиқи берун аз Тоҷикистон нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз давлатдории мустақил буда, омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ин муқаддасот аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад.


Дар воқеъ, парчам барои ҳар шаҳрванди бошарафи мамлакат нишони нангу номуси ватандорӣ ва мустақилияту озодист. Парфашон нигаҳ доштани парчам рисолати бузургест дар назди ҳар шаҳрванди Тоҷикистон. Мазмунан ва мантиқан парчам – ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва мустақилияти миллӣ тамоми шаҳрвандони кишварро новобоаста аз маҳал, вазъи иҷтмоию иқтисодӣ ва сину сол ба сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии комил баҳри созандагӣ ва зиндагии шоиста даъват менамояд. Парафшонии парчами миллӣ ва давлатӣ нишони хандаи тифли навзоду навозиши модари хушбахт аст, ки гӯё аз хушҳолӣ ва хурсании мардум ин матоъи муқаддас дар осмон ба ваҷҳ омада мерақсад. Парчам дар дили ҷомеа бовариро ба фардои дурахшон ба вуҷуд оварда онро таҳким мебахшад. Парчам шуълаи номуси миллатро барафрохта онро ба гиромидошт аз истиқлол ва ягонагӣ даъват менамояд. Парчами давлатӣ тамоми ҷомеаро новобаста аз касбу кор ба меҳнати софдилона ва талошу заҳмати содиқона баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва осуда даъват менамояд. Мардум дар симои парчам нишон аз ҳифзи марзу буми Ватан, нангу номуси миллӣ ва суботи ҷомеаро мебинад.


Эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар замири ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Имрӯз ифтихор аз рамзҳои давлатдорӣ зеҳну шуури тамоми ҷомеаро фаро гирифта, эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста гузоштааст. Аз ин рӯ бо итминони комил метавон гуфт, ки парчами Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои миллат ҳамеша парафшон хоҳад буд.

Давлатзода Меҳроҷиддин Хайриддин – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДМТ