ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – МАРОМ ВА МУҚАДДАСОТИ МОСТ

338

Дар таърихи давлатдории ҳамаи халқҳои рӯи замин Парчам ҳамчун рамзи зиндагӣ мавқеи хосса дорад. Зеро он нишонаи таъриху фарҳанги мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Албатта, парчами ҳар як давлат таърихи худро дорад ва он бо саҳифаҳои гуногуни он халқу миллат алоқаманд аст. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.

Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рангҳои парчами миллии мо роҳи таърихии мардуми Тоҷикистон, арзишҳои фарҳангу сиёсати миллиро ифода мекунанд. Рамзи сурх мубориза, фидокории халқ барои озодӣ ва истиқлолият, рамзи сафед бахту саодат, орзую умед ва рамзи сабз шукуфоӣ, сарбаландӣ ва абадӣ мебошад. Дар мобайни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора мавҷуд аст, ки нишонаи решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус кайд карда мешавад, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошад. Барои ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасаст. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем. Дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Ҳар миллат дорои забон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои гуногун мебошад. Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шево нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст. Мавзўи муқаддасоти миллат дар эҷодиёти шоирони тоҷик мавқеи хоса дорад. Доир ба гиромидошти он навиштаҳои зиёде рўи кор омада, саҳифаи даврони Истиқлолияти мамлактро зиннат доданд.

Шоир Камол Насрулло Парчами Тоҷикистонро бахти миллат ва монанди Шамси мунир ба қалам додааст:

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!

Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,

К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,

Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,

З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,

Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳояш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Агар ба таҳқиқ бингарем, ҳар як рамз то ҷое рӯшангари саргузашти қавмеву нажоде ва миллатеву давлатест. Аз ин миён парчам ҳамчун рамзи таърихӣ рангинтарину деринтаринеро дорост. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз он чунон мавқеъи худро устувор кардааст, ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард. Дар саргузашти мардуми тоҷик низ парчам ва парчамдорӣ бо ҳикояте басо ҷолибу ҷозиб ҳамбастагӣ дорад. Ин ҳикоят тавассути «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии бузўрг то ба рӯзгори мо омада расидааст.

Аслан парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонӣ шинохта мешавад. Мувофиқи маълумоти ин сарчашма сароғоз парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Бояд гуфт, ки дар фарҳангу луғатномаҳо ва дар осори бадеӣ муродифҳои зиёде вожаи парчам истифода шуданд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш, алам, ливо, байрақ, парчам, роят. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Моро мебояд ин муқадlасоти милии худро мисли гавҳараки чашм нигаҳдор бошем. Бо чунин мисраҳо ҳамеша муқадасоти миллиро қадр намоем:

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

Мо ифтихор аз он мекунем, ки чунин парчам дорем ва баҳри болидахотирии он ҳамеша мефахрем то ки ин муқадасоти миллии худро эҳтиром намоем. Парчам ҳуввият, озодагӣ, ва ғуруру номуси миллати асилзодаи мо ба ҳисоб меравад. Меъмори ваҳдат, Пешвои сулҳофари миллат дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин андешаронӣ намуданд:

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.” Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дуруст қайд карданд, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари ҳар фарди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад».

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди милли ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.Бигзор, Парчами давлатии халқи тоҷик, ҳамчун дирафши фатҳу иршоди нек то абад парафшон бошад!

н.и.и., дотсенти кафедраи “Кибернетика ва иқтисоди рақамӣ” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алимардонов Тоҳирҷон Ашуралиевич.

н.и.и., дотсенти кафедраи“Таҳлили иқтисодӣ ва аудит” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоимардонов Ҳ.Қ.