Имрӯз (27.10.2020) бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Аҳамияти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар таъмини манфиатҳои берунииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи гирди умумидонишгоҳии илмию амалӣ баргузор гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент И.С. Шамсов оғоз ёфт. Мавсуф афзуд, ки рушди устувори туризм яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ва сердаромад барои кишвари мо аҳмияти бузург дошта, яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Сипас мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ М.А. Саидмуродова оид ба «Нақши рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ» сухан намуда, қайд кард, ки дар бисёри мамлакатҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт бахусус саноатикунонии босуръати кишвар, таъсири мусбӣ мерасонад.
Баъдан номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Б.У. Шукуров дар мавзӯи “Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ва мавқеи он барои минтақаи Осиёи Марказӣ» маърӯза намуд. Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни нишаст устодону муҳаққиқони факултетҳои иқтисодии донишгоҳ (баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора) иштирок доштанд.