СЕМИНАРИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23

СУРАТГУЗОРИШ: дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Шарифзода Фазлиддин Шариф, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо маърузаи илмӣ баромад намуд.