Санаи 08.11.2025 дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар заминаи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ семинари илмӣ-назаривӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мавзӯи “Таҳлили муаммоҳои муосири баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар шароити иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баромад намуданд. Дар семинари мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, кибернетикаи иқтисодӣ ва аудит ва ревизия иштирок намуданд.
Домой Ахбор
















