ШУКУФОИИ ВАТАН АЗ ВАҲДАТ АСТ…

6

Имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ваҳдат мафҳумест, ки ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳамбастагиро фаро гирифта, тамоми пешравию дигаргуниҳои кишвар маҳз самараи он аст. Оре, ҳисси миллӣ, ватандорӣ хислатҳои басе ҷолибу лоиқи арзишҳои бепоёнанд, ки ба ҳар миллати мутамаддин хосанд. Вале муҳим он аст, ки ифтихори миллӣ ба такаббурӣ, мағрурӣ ва ҳавобаландӣ табдил наёбад. Зеро ин гуна падидаҳои манфӣ, ки табиатан зишту қабеҳанд, боиси ҷудоӣ, беҳурматӣ нисбат ба ҳамдигар дар байни халқу миллатҳо мегардад. Ваҳдат аст, ки миллат ба сомону халқ сарҷамъ аст. Вақте авроқи таърихро варақгардонӣ мекунем, пеши назар меояд, ки дар замони ҷомеаи ибтидоӣ инсонҳо бо ҳам муттаҳид шуданд ва қабилаву баъдан халқияту миллатро ташкил доданд. Баъзе аз халқиятҳо, ки муттаҳид набуданд, аз байн рафтанд ва баъзеи дигар, ки ваҳдат шиори зиндагиашон буд, умри бардавом диданд.

Воқеан, асоси ҳастии халқу миллат ваҳдат, ягонагӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ аст. Миёни ин муродифот сулҳу ваҳдат мақоми шоён ва арзанда доранд ва бе якдигар буда наметавонанд. Бояд донист, ки ваҳдат аз оила сарчашма мегирад. Муносибати боэҳтиромона, дӯстона ва бо муҳаббат асосёфтаи волидону фарзандон ваҳдат аст. Дарк намудани атрофиён ва ҳамфикр шудан бо онҳо ин ҳамдигарфаҳмӣ аст. Ба қавли шоир:

Ваҳдат аст имрӯзи мо, фардои мо,

Сарбаландию сари болои мо.

***

Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,

Нури ваҳдат тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.

Дар замони муосир барои ҳар як давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ тарбияи аҳли ҷомеа дар руҳияи ватандӯстию ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб мешавад. Мавҷудияти руҳияи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ гарави озодиву Истиқлоли давлатӣ, ободиву амнияти ҳар кишвар ва саодату хушбахтии мардуми он мебошад. Чи тавре Пешвои миллат дар суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад.

Ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри Модар- Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад”

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад. Барои пешгирии ин равандҳо дар мамлакат, махсусан, дар байни ҷавонон, ҳадафҳои асосии ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ ва матраҳ сохтани масоили иҷтимоист. Воқеан, расонидани ҷавонон ба сатҳи баланди худшиносӣ ва ахлоқӣ ба ҳалли мушкилоти буҳрони маънавӣ мусоидат мекунад. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавияту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад.

Аз ин хотир, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд Ватани хешро дӯст дорад ва қарзи фарзандии хешро адо намояд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ба посдории Ваҳдати миллӣ таъкид месозанд: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию, ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».

Мо-тоҷикон имрӯз шукргузори ин сулҳу салоҳ буда, баҳри рушди инкишофи имрӯзу ояндаи кишварамон саҳмгузорӣ менамоем ва ҳамеша Ваҳдати миллиро пос медорем, зеро пойдории давлат аз Ваҳдат ва ваҳдат мароми зиндагии инсоният аст.

Абдулмуминзода Н.,дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ