Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

270

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем.

Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ – арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст».

Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем. Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар самти омӯзиш ва ҳифзи забони тоҷикӣ пешсаф мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона покии забони шевои тоҷикиро халалдор месозад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, наврасону ҷавонон бояд сатҳи забондонӣ ва маданияти нутқи худро пайваста баланд бардошта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ кӯшиш карда, забонҳои хориҷиро ба хотири рушди илм аз худ намоянд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!